БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ: ИҚТИСОДИЁТИ ӮЗБЕКИСТОН ҲАТТО ДАР ШАРОИТИ МУРАККАБИ ИМРӮЗА ИНКИШОФ МЕЁБАД

Дар ҳисоботи Бонки умумиҷаҳонӣ, ки ба қарибӣ чоп гардид, рушди иқтисодиёти Ӯзбекистон, ҳатто дар шароити мураккаби кунунии буҳрон низ 1,5 фоиз пешбинӣ мегардад, ки онро метавон ба сифати эътироф шудани ислоҳоти мунтазам ва мустақиме пазируфт, ки дар мамлакат таҳти роҳбарии сарвари давлат татбиқ мегарданд.
Маълум аст, ки пандемия ба иқтисодиёти тамоми давлатҳо таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар кам шудани талабот нархи молҳо ва хидматҳо қатъиян коҳиш ёфтанд, дар низоми таъминоти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ норасоиҳо ба назар мерасанд, дар бозорҳои молиявӣ хавфу хатарҳо ба инобат гирифта намешаванд. Дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ ҷараёнҳои коҳишёбӣ пурзӯр шуданд, нисбатан суст гардидани асъори давлатҳо дар минтақаи мо ба хеле баланд шудани арзиши қарзҳои ҷамъшаванда, қатъиян коҳиш ёфтани содирот бошад, ба зуҳури «бори зиёдатӣ» дар баланси пардохт боис гардиданд.
Мо эътибор доданро ба омилҳои иқтисодии кишварамон, ки ба эътирофи Бонки умумиҷаҳонӣ мусоидат кард, ҳамчунин барои минбаъд амиқсозии ислоҳот дар шароити пандемия ва буҳрони иқтисодӣ муайян кардани самтҳоро зарур мешуморем.
Тавре ки маълум аст, давлати мо аз оғоз ба нарм кардани таъсири манфии пандемия ба сатҳи ҳаёти аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт эътибори зиёд дод. Барои корхонаҳои саноатӣ, соҳибкорон ва содиргарон чораҳои мушаххас ва самарабахш муқаррар карда шуданд, барои сарпурсозии талафот дар иқтисодиёт захира ташкил гардид, барои таъмин намудани эътидоли макроиқтисодӣ вазифаҳои асосии ҳукумат муайян карда шуданд. Ба мақсади самарабахш ба роҳ мондани кори самти мазкур дар шароити пандемияи коронавирус ва чораҳои иловагӣ оид ба нармкунии таъсири манфӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт бинобар пандемияи коронавирус ва ҳодисаҳои буҳрони ҷаҳонӣ Фармони Президент қабул гардид. Мувофиқи Фармони мазкур дар ҳаҷми 10 триллион сӯм Бунёди зиддибуҳронӣ ташкил гардид. Бобати ба соҳаҳои иқтисодиёт, ки ба онҳо пандемия метавонад таъсири бештар дошта бошад, таътилҳои андозӣ ва имтиёзҳо бинобар қарзҳои вомӣ мушаххас карда шуданд, ҳамчунин ба онҳо қарзҳои буҷавӣ ҷудо гардиданд. Ба ҳокимҳо ваколати то 6 моҳ дароз кардани андозситонӣ аз корхонаҳое, ки бо душвориҳои иқтисодӣ рӯ ба рӯ шудаанд, дода шуд. Ҳамчунин андози даромад аз корхонаҳои шахсӣ ва андоз барои истифодаи захираҳои об, ки аз фермерҳо ситонида мешаванд, 50 фоиз кам карда шуданд. Дар ин маврид муайян гардид, ки талафоти буҷаҳои маҳаллӣ аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ сарпур карда мешавад.
Ин гуна чораҳо, ки ба нигоҳ доштани муҳити корӣ ва дастгирии соҳибкорон нигаронида шудаанд, натиҷаҳои хуби худро медиҳанд. Эътирофи Бонки умумиҷаҳонӣ тасдиқи равшани он мебошад.

Одилҷон ИМИНОВ, муовини раиси Кумитаи оид ба масъалаҳои буҷа ва ислоҳоти иқтисодии Сенати Олий Маҷлис.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ