Интихоби касби заҳматталаб

Интихоби касби заҳматталаб

  • Post category:Саломатӣ

Имрӯзҳо шифокорон барои мубориза бар зидди пандемия ба маънои том қаҳрамонӣ нишон медиҳанд. Яке аз онҳо фарзанди фарзонаи деҳаи Оҳалик Хурсандой Ҷабборова аст.
Падари бузургвори ӯ раҳматӣ Шодмон Ҷабборов дар шифохонаи бачагонаи деҳаи хушҳавои Оҳалик боғбон буд. Вай гоҳ-гоҳ Хурсандой ва писарҳояшро ҳамроҳ ба табобатхона меовард, ки аз табиати нотакрор ва манзараҳои дилнишин баҳра баранд.

Шифокорон, алалхусус ҳамшираи шафқат Шарофат Самадова, ки хилъати сафедаш ба худаш мезебиду табассуми ҷозибанок ва суханҳояш ширин буд, Хурсандойро меҳрубонона ба оғӯш кашида, навозиш мекард. Рости гап, духтарча ба ин зани ҳалиму хоксор, дилёбу дарёдил дил баст. Акнун ҳар гоҳ қиблагоҳаш ба кор равад, вай бо исрор талаб мекард, ки ӯро ҳамроҳ гирад. Шояд аз ҳамин сабаб Хурсандой ҳангоми таҳсил дар мактаби зодгоҳ дар мавзӯи «Касби дӯстдоштаи ман» иншо навишта иброз дошт, ки мисли Шарофат Самадова шифокор мешавад ва бачагонро табобат мекунад.
Вай пас аз ба даст гирифтани номаи камол ҳуҷҷатҳои худро ба Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд супурд. Афсӯс, ки барои қабул чанд хол нарасиду орзуяш ҷомаи амал напӯшид. Аммо вай руҳафтода нашуда, боз ба имтиҳонҳо тайёрӣ дид.
– Духтарам, хубтараш муаллима шав, – дилсӯзона гуфт модараш Фотима Ашрафзода.
– Не, очаҷон, ман албатта табиб мешавам, мисли Шарофатойтӣ! – бо қатъият иброз дошт ӯ. – Аз шумо дуо кифоя.
Фотимахола феълу атвор ва якқавлу қатъӣ будани духтарашро медонист, ки бо табассум самимона ба оғӯш кашида роҳи сафед талабид. Хурсандой қариб шабу рӯз тайёрӣ дид. Боз рӯзи санҷиш фаро расид. Модари муқаддасу падари бузургвор даст ба дуо бардошта, омад талабиданд. Вай аз имтиҳонҳои қабул сарбаландона гузашта, номи донишҷӯйро гирифт. Дар донишкада аз устодон бисёр чизҳоро омӯхт. Дар арафаи хатми мактаби олӣ бо ҳамдеҳааш Абдулло Ҷабборов ақди никоҳ баст. Дар шаби тӯй баранда таъкид намуд, ки дар деҳаи Оҳалик ду сулолаи бузург – Ҷабборовҳо мисли ду рӯди кӯҳӣ як шудаанд.
Воқеан, насаби ҳар ду дилдодагон Ҷабборов буд. Азбаски Абдулло дар шӯъбаи корҳои дохилии собиқ ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Самарқанд, адои вазифа мекард, аз рӯи қоидаи он замон Хурсандой дар шифохонаи шаҳри бостонӣ фаъолияти меҳнатиро оғоз намуд ва аз соли 1990 корро дар зодгоҳи худ идома дод. Пас аз се сол сарвари Иттиҳодияи тиббии ноҳия Гулшер Турсунов Хурсандой Ҷаббороваро мудири шифохонаи деҳот таъин кард.
Хурсандой бегоҳӣ ҳамсарашро аз «навидҳои охирин» огоҳ сохт. Акои Абдуллоҳ намуди ҷиддӣ гирифта, норозиёна гуфт:
– Ба ту касби бинокорӣ кам буд…
– Дадаҷонаш, – хандид Хурсандой, – дар замони гузашта «ба як мард чил ҳунар кам» мегуфтанд. Ҳозир мақол тағйир ёфта «ба як зан бист ҳунар лозим» мегӯянд.
– Пазанда, дӯзанда, табиб, ҳабиб, – акои Абдулло аз табассум худдорӣ карда натавонист, – боз ташкилотчӣ, сохтмончӣ…

Рост гуфтаанд, ки бо «ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад». Хурсандой Ҷабборова барои тезтар бунёд гардидани бинои поликлиника боз як ҳунари навро омӯхт – дипломатия!
Зеро ба курсинишинони вилояту ҷумҳурият фаҳмондани масъала осон нашуд. Рости гап, шавҳараш ба ӯ ҳам роҳбалад буду ҳам ронанда. Ҳар ду чанд маротиба ба Тошканд рафтанд. Ниҳоят соли 1996 бинои поликлиника тантанавор кушода шуд. Эҳтимол ҳамон рӯз Хурсандой оҳи сабук кашида, дарк кард, ки азоби кашидаи сесолааш ба роҳат ва миннатдории аҳолӣ табдил ёфт.
Ҳоло поликлиникаи мазкур ба 15 750 нафар аҳолӣ хизмат мерасонад.
– Мо аз Хурсандой Ҷабборова сипосгузор ҳастем, – гуфт амини деҳаи Оҳалик Ашӯрбой Шоҳмақсудов. – Вай ҳамчун посбони саломатӣ азизи ҳар як хонадон аст. Чӣ ҷойи руст кардан, Худо накарда ягон кас таб барорад ё саломатиаш коҳиш ёбад, хоҳ рӯз бошаду хоҳ нисфи шаб, пеши Хурсандой мешитобад. Зеро аввало то «Ёрии таъҷилӣ» меояд, вақт зиёд меравад. Дуюм Хурсандойойтӣ мардуми деҳаро панҷ панҷа барин нағз медонанд.
Воқеан, имрӯзҳо, ки пандемия ба ҳама таҳдид мекунад, ташвишу таҳлукаи шифокорон афзудааст. Ана барои чӣ дар деҳаи кӯҳсори Оҳалик ба ин масъала диққати махсус дода мешавад. Мо бо ҳамин муносибат дар поликлиника шуда, бо мудири он сӯҳбат оростем.
– Дар шифохонаи мо қариб 10 нафар табибон бидуни ҳисоби вақту соат фаъолият мебаранд, – иброз дошт Хурсандой Ҷабборова. – Саодат Тиллоева, Гулбаҳор Раҳимова, Матлуба Муҳиддинова, Гулчеҳра Маҷидова ва дигар табибони соҳибтаҷриба ба маънои том посбони саломатии аҳолӣ ҳастанд. Албатта сардори Иттиҳодияи тиббии ноҳияи Самарқанд Фурқат Валиев ҳамеша аз аҳволи мо хабардор ҳастанд. Бо асбобҳои ташхисӣ ва доруворӣ таъмин кардан ба зиммаи маъмурият ва ҳокимияти ноҳия мебошад. Мо барои пешгирии вабои асри 21 постҳои карантин ташкил кардем. Охир, эҳтиёт ними ҳаёт мегӯянд.

Таъкид кардан ҷоиз, ки Хурсандой Ҷабборова дар деҳаи Оҳалик яке аз тарғибгарони тарзи ҳаёти солим аст. Вай дар байни мардум на танҳо доир ба ҳифзи саломатӣ, инчунин камхарҷ ва замонавӣ гузаронидани тӯй ва дигар хел маъракаҳо корҳои тарғиботӣ мебарад.
Воқеан, Хурсандой Ҷабборова на танҳо яке аз табибони номдору маслиҳатгари ҷавонон, инчунин модари меҳрубону бибиҷони дуогӯй мебошад. Гулдухтаронаш Зайнура омӯзгор, Завқия шифокор, писараш Парвизҷон толибилми Донишгоҳи давлатии Самарқанд аст. Даҳ нафар набераҳо ба бибиҷону бобоҷон олам-олам хурсандӣ меоваранд.
Боре вай аз кор омада, мағзи бодомҳои худро саргарми бозӣ дид ва табъаш болида гашт. Зеро яке аз онҳо шифокор шуда, мисли бибиҷон «бемор»-ро бо суханҳои ширин «табобат» мекард.
Вай боз аз он хурсанд шуд, ки ба муҳаббати аввал – шифокорӣ садоқатмандона хизмат менамояд ва аз интихоби ин пешаи заҳматталаб пушаймон нест.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ