Як бемори афғонистонӣ дар Ӯзбекистон бар асари коронавирус даргузашт


Вазорати ҳифзи тандурустии кишвар дар бораи марги 2 нафар бар асари COVID-19 хабар дод. Яке аз онҳо шаҳрванди Афғонистон буд.
Дар хабари вазорат гуфта мешавад, “Шаҳрванди чилсолаи ҷумҳурии Афғонистон тайи 2-3 рӯз аз сурфа ва таби баланд ранҷ мекашид. Рӯзи 21 июн ёрии таъҷилӣ шаҳрванди Афғонистонро бемористони бемориҳои сироятӣ интиқол дод. Шифокорон ба ӯ ташхиси COVID-19, пневмонияи шадид, норасоии шуш ва дил гузоштанд.
Бо вуҷуди ҳама кӯшишҳои шифокорон бемор ахиран вафот кард.
Ҳамчунин, дар Тошканд як бемори 83-сола даргузашт.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ