Дар Сербия тазоҳури мардум кӯшиш ба табаддуллот хонда шуд


Александр Вулин, вазири мудофиаи Сербия тазоҳури мардумонро, ки дар идома бо бетартибиҳо иваз шуд, кӯшиш ба табадуллот хонд.
Вулин имрӯз, 9 июл дар мусобиҳаи шабакаи телевизионии TV Pink гуфт, “Ҳоло дар кӯчаҳои мо хушунат, кӯшиш ба табаддуллот ва кӯшиш ба таҳрики ҷанги дохилӣ дар Сербия мушоҳида мешавад”.
Ёдовар мешавем, баъди он, ки Александр Вучич – раисҷумҳури Сербия дар бораи ҷорӣ шудани режими комендантӣ аз шоми 10 июл то субҳи 13 июл хабар дод, мардум барои эътироз ба кӯчаҳо баромаданд ва тазоҳур карданд. Эътирозгарон кӯшиш карданд, ки ба бинои порлумон ворид шаванд. Пулис барои пешгирӣ аз ин аз гази ашковар истифода бурданд.
Ҳукумати Сербия бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши гирифторӣ ба коронавирус ҷорӣ кардани соати комендантиро зарур дониста буд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ