Дар даври пандемия “контракт” кам мешавад?

Дар даври пандемия “контракт” кам мешавад?


Оё дар Ӯзбекистон бо таваҷҷӯҳ ба идомаи пандемияи коронавирус ва буҳрон дар ҷаҳон пули таҳсил (контракт) кам мегардад? Иномҷон Маҷидов, вазири таълими олӣ ва махсуси миёна имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба чунин савол ҷавоб дод.
Ба гуфтаи ӯ, “Миқдори пули таҳсил бетағйир боқӣ мемонад. Баъзе донишгоҳҳо ҳоло бояд миқдори пули таҳсилро боло мебурданд, вале чунин қарор бо таваҷҷӯҳ ба шароити имрӯз ба муддати дертар гузошта мешавад”.
Вазир гуфт, “Донишгоҳҳое, ки дар заминаи молия аз будҷаи давлатӣ мустақил ҳастанд, бояд дар баробари сарфу харҷ пули таҳсилро меафзуданд. Вале, онҳо ҳам қарор карданд, ки миқдори он бетағйир монад”.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ