Шифокори қашқадарёӣ 30 касро гирифтори коронавирус кард


Як шифокор дар вилояти Қашқадарё ба қоидаҳои карантин риоя накард ва 30 нафарро гирифтори коронавирус кард. Ин ҳол моҳи июни соли ҷорӣ рух дод. Зойир Мирзоев, ҳокими Қашқадарё дар ҷаласаи навбатии комиссияи махсуси вилоят эълом кард.
Ба гуфтаи Мирзоев, шифокор рӯзи 24 июн бо нақзи қоидаҳои карантин дар тадбири хонаводагии яке аз хешовандони худ ва мулоқоти намояндагон (депутат) иштирок кардааст. Дар натиҷа 30 нафар бемор шуданд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ