Вазири тандурустии Қирғизистон ва муовини ӯ бемор шуданд

Вазири тандурустии Қирғизистон ва муовини ӯ бемор шуданд


Собирҷон Абдикаримов ва Нурболот Усенбаев, вазири тандурустии Қирғизистон ва муовини бемор шуданд ва ҳоло дар бемористон ҳастанд. Дар ин бора Айнура Акматова, намояндаи расмии вазорати тандурустии Қирғизистон имрӯз дар нишасти матбуотӣ эълом кардааст.
Ба гуфтаи Акматова, вазъияти саломатии вазир ва муовини ӯ нигаронкунанда нест. Онҳоро тести коронавирус мунтазир аст.
Акматова гуфт, “Натиҷаи таҳлилҳо гирифтор будан ё набудани онҳо ба коронавирусро нишон медиҳад”.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ