Ба дасти фарзандатон китоб диҳед, на телефон

Имрӯз замон босуръат тағйир ёфта, дар ҳар соҳа пешравӣ ба назар мерасад. Пештар бачагон бозичаҳои гуногунро бозӣ карда калон мешуданд, кӯдакони замони имрӯза бошад дар даст телефони замонавӣ камол меёбанд. Гоҳо мо калонсолон аз телефон дуруст истифода бурда наметавонем, аммо онҳо зуд идора ва иҷрои бозиҳои онро аз худ мекунанд.
Телефон ба саломатии кӯдак зарар дорад
Нодира ҲАМИДОВА,
невропатологи бачагон:
– Дар асри ривоҷи технологияҳои иттилоотӣ фарзандонамон нисбати мо ба навгониҳо завқи бештар доранд. Барои қонеъ сохтани ин эҳтиёҷоти онҳо машғулиятҳои фаровоне низ ҳастанд. Баъзе модарон «Бозиро бозӣ намекунад, телефонро диҳед гуён гиря мекунад» мегӯянд. Ин баҳона аст ва ман онро ҷонибдорӣ намекунам. Ҳама кор илоҷ дорад. Танҳо хоҳишу ҳаракат бошад кифоя. Дуруст, ки бозиҳои ҷолибу шавқовари телефонҳои замонавӣ ҳар як кӯдакро ба худ сахт вобаста мекунад. Бахусус, бачаҳои хурдсолро. Чунки бача дар синни 3-7 солагӣ бениҳоят кунҷков мешавад. Аз ин рӯ, онҳо ба ҳар як навгонӣ мароқ зоҳир мекунанд ва зуд аз худ менамоянд.
Модаронеро, ки осудагии худро фикр карда, барои ором шудани фарзандашон ба дасти онҳо телефон медиҳанд, ба шахсе монанд мекунам, ки дидаву дониста дилбанди худро ҷониби ботлоқ мебаранд. Чунки ин ашёи дар назари аввал оддӣ ва безарар, аз худ мавҷҳои электромагнитӣ бароварда, ба инсон зарари ҷисмонӣ ва равонӣ мерасонад. Майдони магнитии телефон ба саломатии бачагон, хусусан, ба кори узвҳои дохилӣ ва майнаи сари онҳо таъсири манфӣ дорад.
Набояд бепарво бошем
– Мувофиқи таҳқиқоти охирини олимони ҷаҳон танҳо 31 фоизи падару модарони дунё ба муаммоҳои бо телефон вобастаи фарзандони худ эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Ба таври дигар гӯем, аз ин рафтори номатлуби фарзандашон ба ташвиш меафтанд. Ин рақамҳо ба падару модарони кишвари мо ҳам ҳамбастагӣ доранд гӯем хато намекунем. Чунки аксари волидон барои ором кардани кӯдаки гирён, саргарм намудани ӯ ва барои дар иҷрои корҳо халал нарасонидани онҳо ба дасташон телефон медиҳанд. Фикр мекунем, ки ин намунаи даҳшатангезтарини бепарвоӣ мебошад…

Макони вирусҳо
Шаҳноза ЯҲЁЕВА,
шифокор-терапевт:
– Ҳар рӯз либосҳо, косаву табақи хӯрок ва пас аз иҷрои корҳо дастонамонро мешӯем. Телефонамонро чӣ? Онро бо собун шуста наметавонем, ба мошини ҷомашӯӣ намеандозем. Ҳатто барои бо дастмоли нам тоза кардани телефон метарсем, то вайрон нашавад. Телефонамонро, ки ҳамроҳи пул дар ҳамён мегузорем, гоҳо бо худ ба ҳаммому ҳоҷатхона медарорем, солҳо кор мефармоем, аммо намешӯем. Бинобар ин, вай микроб, бактерия, инфексия ва замбӯруғҳои ба чашм ноаёнро муддати зиёд дар худ нигоҳ дошта, он бактерияҳо ба гӯш, гардан ва пӯсти рӯй мегузаранд. Бахусус, истифодаи телефони каси дигар ва телефонро ба як нафари бегона додан барои паҳншавии бемориҳои сироятӣ сабаб мешавад. Омили асосии афзудани бемориҳои аллергӣ низ бо телефонҳои мобилӣ вобастагӣ дорад. Ҳамин телефонро, ки ба назар тоза менамояд, вале дар асл макони вирусҳо аст, чӣ тавр бепарво ба дасти кӯдаки худ додан мумкин? Яке аз омилҳое, ки барои дарунравӣ, аллергия ва вайрон шудани фаъолияти меъдаи бачагон сабаб мешавад, айнан телефони мобилӣ мебошад.
Мутолиаи китоб чӣ фоида дорад?
Ҷамила СОТИМОВА,
омӯзгор:
– Технологияҳои замонавӣ ҳаёти моро куллан тағйир дод, бисёр мушкилотамонро осон кард. Ин ҳақиқатест инкорнопазир. Новобаста аз таъкиди зарари телефон ба саломатӣ, имрӯз дар дасти пиру ҷавон ва ҳатто хонандагони мактабу тарбиягирандагони кӯдакистонҳо телефони мобилиро мебинем. Телефоне, ки донишомӯзи мактаб дар даст дорад, танҳо боиси парешонхотирии ӯ гардида, барои азхудкунии дарс ба онҳо халал мерасонад. Бо як сухан, телефони мобилӣ дар байни хонандагон бемаданиятӣ ва танбалиро тарғиб мекунад. Ғайр аз ин, падару модарон ба фарзандони худ «ғамхорӣ» намуда, моделҳои гуногуни телефонро тӯҳфа мекунанд, ки ин низ барои пайдо шудани мубоҳисаҳо аз қабили «телефони ман қимат, телефони ту арзон» мегардад. Гурӯҳе аз падару модарон дар он назаранд, ки гӯё «баъзе бозиҳои телефони мобилӣ фикрронии мантиқии кӯдакро ташаккул медиҳад». Ин фикр хато аст. Бозии телефони мобилӣ на барои мустаҳкамшавии хотираи хонанда, балки барои суст гардидани он сабаб мешавад. Тафаккур ва тасаввуроти бача шах мешавад. Аз телефонбозӣ дида, китобхонӣ муфидовартар аст. Падару модаре, ки дар бораи инкишофи салоҳияти ақлии фарзанди худ фикр мекунанд, ба дасти ӯ китоб медиҳад, на телефон. Мутолиаи китоб доираи ҷаҳонбинии бачаро васеъ намуда, дар дили вай эҳсосоти некиву накӯкориро пайдо менамояд. Ҷаҳони маънавии ҷавононе, ки мунтазам китоб мехонанд, рангину зебо мешавад.
Пули худро беҳуда сарф накунед
Ҳоло дар мамлакат китобҳои гуногунмавзӯъ бо теъдоди зиёд чоп мешаванд. Сифат ва мундариҷаи китобҳо ба талаботи андозаҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯянд. Аммо аксар падару модарон на ба мазмуну моҳияти асар, балки ба муқова ва нархи китоб эътибор медиҳанд. Қиматтар бошад, намехаранд. Аммо барои хариди дигар ашё пули худро дареғ намедоранд.
Гоҳо ба фарзанди хурдсоли худ чӣ тӯҳфа карданро намедонем. Осонакак ба дӯкони бозичаҳо даромада, ягон бозичаро мехарем. Аммо одами соҳибмаънавият ва оқил китоб тӯҳфа мекунад. Агар бо китоб шинос кардани фарзанди худро ба замони мактабхонии ӯ гузорем, вай дар мактаб бисёр азоб мекашад.
Одаме, ки аз айёми кӯдакӣ бо китоб дӯст мегардад, тӯли умр аз ин хазинаи маънавӣ баҳраманд мешавад ва ҷаҳони худро бо ҳикмату хирад зеб медиҳад. Ба пули як бозича 10 дона китоб харидан мумкин аст. Агар падару модарон пули худро ба бозичаи бесифат, нодаркор ва гоҳо зараровар сарф накарда, китоб харанд, ҳам барои фарзанди худ кори хайр мекунанд ва ҳам барои ояндаи онҳо заминаи мустаҳкам омода месозанд…

Камола АҲМЕДОВА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ