Аз эҷодиёти комили тадқиқотчии серамал

Аз эҷодиёти комили тадқиқотчии серамал

  • Post category:Фарҳанг

Имсол барои тадқиқотчии маъруф Комилхон Каттаев соли хеле бобаракот омад. Нашриёти «Qaqnus»-и Тошканд китобҳои «Буюк ҳуқуқшинос алломалар» («Алломаҳои бузурги ҳуқуқшинос»), «Қадимий китоблар таржимаси» («Тарҷимаи китобҳои қадима») ва «Махдуми аъзамийлар шахсий кутубхонасидаги қадимий нодир қӯлёзма ҳуҷҷатлар каталоги» («Каталоги ҳуҷҷатҳои дастнависи нодири қадима»)-ро аз чоп баровард, ки маҳсули ҷустуҷӯйҳои эҷодии бисёрсолаи олими самарқандӣ аст.
Китоби «Алломаҳои бузурги ҳуқуқшинос» аз маҷмӯаи маълумотҳои ба ҳаёт ва фаъолияти имомҳои бузурге, ки дар сарзамини Самарқанд фаъолият пеш бурда, дар ҳамин ҷо ба хок супурда шудаанд, иборат аст. Баробари ҳамин дар он таърихи самти илмҳое, ки ин алломаҳо шуғл варзидаанд, тадқиқ карда шудааст.
Дар китоби «Каталоги ҳуҷҷатҳои дастнависи нодири қадимаи китобхонаи шахсии Махдуми аъзамиҳо», ки ба 560-солагии Махдуми Аъзами Даҳбедӣ бахшида шудааст, дар бораи манбаъҳои нодири то ба замони мо мерос расида ҳикоя карда мешавад.
Ҳар се китоб ҳам аҳамияти пурқимати таърихӣ дошта, хонандагонро бо маълумотҳое, ки дар асоси манбаҳои қадима равшан карда шудаанд, шиносо мекунад. Баъзеи ин маълумотҳо бори аввал ба ҳукми умум ҳавола карда мешаванд.
Дар онҳо маълумоту фактҳои ҷолиб оварда шудаанд. Мисол, дар китоби «Тарҷимаи китобҳои қадима» муаллиф дар саҳифаи «Аз тарҷумон» роҷеъ ба барпо шудан ва маънои номи шаҳри Самарқанд аз чанд китоб хеле маълумоти шавқовар овардааст. Чуноне ки худи муаллиф менависад, китобҳои динӣ-таърихӣ аз ривоятҳо холӣ нестанд ва аз ин аҳамияти онҳо, аз ҷумла «Қандия»-и маълуму машҳур кам намешавад. Хонандаи зукко аз ривоятҳо ҳақиқати таърихиро фарқ карда метавонад.
Устоди шодравон, академик Ботурхон Валихоҷаев дар бораи маънои номи Самарқанд мақолае навишта, онро аз ҷиҳати илмӣ хеле асоснок карда буданд. Ба фикрамон, агар мулоҳизаи устоди бузург низ дар ин ҷо оварда мешуд аз фоида холӣ набуд.
Дар ҳамин саҳифа санаҳои хронологии сулола ва онҳое, ки ба шаҳри Самарқанд ҳукмронӣ кардаанд, низ оварда шудааст.
Алломаҳои бузурги ҳуқуқшинос
Китобҳои ин маҷмӯа асарҳои монографие мебошанд, ки дар арафаи анҷуманҳои илмии солҳои истиқлол баргузоргардида чоп шуда, ба таърихи саҳми алломаҳои бузурги диёрамон дар инкишоф ва ташаккули самтҳои аввалини илму фан дар даври ислом бахшида шудаанд. (Муаллиф дар бисёр анҷуманҳо котиби масъули кумитаи ташкилӣ буд). Дар ин асарҳо роҷеъ ба асосчиёни бузурги илми ҳадисшиносӣ Имом Бухорӣ ва Имом Дорамӣ, илми калом Имом Мотурудӣ, илми ҳикмат Имом Абулқосим ал-Ҳаким ас-Самарқандӣ, олимони бузурги илми фиқҳшиносӣ Имом Растуғфонӣ, Имом Абу Лайсӣ, Имом Алӣ Суғдӣ, Имом Ҳалвоӣ, Имом Абу Муъин Насафӣ, Имом Бурҳониддин Марғинонӣ барин алломаҳо маълумот оварда шудаанд. Ғайр аз ин дар маҷмӯа баъзе хато ва нофаҳмиҳое, ки ба онҳо ҳангоми равшан кардани таърихи Самарқанд ва алломаҳои бузург роҳ додаанд, ислоҳ карда шудааст.
Китоби аввали маҷмӯа аз «Нузули Қуръони Карим» оғоз ёфта, дар он роҷеъ ба таърихи навъҳои илм низ маълумот овардаанд. Китобҳои дуюм дар бораи Имом Бухорӣ, саввӯм Имом Дорамӣ, чорӯм Имом Мотурудӣ, Имом Абулқосим ал-Ҳаким ас-Самарқандӣ, Имом Абул Ҳасан Растуғфонӣ, Имом Абу Лайс Самарқандӣ, панҷӯм Имом Алӣ Суғдӣ, шашӯм Имом Шамсулаимма Ҳалвоӣ, Имом Абул Муъин Насафӣ ҳикоя мекунанд.
Тарҷимаи китобҳои қадима
Маҷмӯаи «Тарҷимаи китобҳои қадима» аз асарҳои ба қалами гузаштагони бузурги мо Имом Насафӣ «Ал-қанд фи таърихи Самарқанд» («Лаҳзаҳои гуворои таърихи Самарқанд»), Махдуми Аъзами Даҳбедӣ «Рисолаи Бобурия» (Рисола бахшида ба подшоҳи Ҳиндистон Бобур Мирзо) ва «Рисолаи танбият ус-салотин» («Танбеҳу насиҳат ба подшоҳу султонҳо»), Олим Шайх Азизон «Ламаҳот мин нафахотул-қудс» («Лаҳзаҳо аз хушбӯйиҳои муқаддас» ва «Ақидаи исломияи Мотурудия» («Ақидаҳои Имом Мотурудӣ») мансуб иборат мебошад.
Асари «Ал-қанд фи таърихи Самарқанд» дар байни асарҳое, ки бахшида ба таърихи Самарқанд навишта шудаанд, аз ҳама қадима буда, аз мушоҳидаҳо роҷеъ ба алломаҳои бузург Шоҳи зинда – Қусам ибн Аббос, Мотурудӣ, Марғинонӣ, Ҳамадонӣ, Соғарҷӣ, Абду Дарун ва қабристонҳое, ки онҳо дафн карда шудаанд, иборат аст.

Китоби «Рисолаи Бобурия» бошад, рисолаи мувофиқи илтимосномаи подшоҳи Ҳиндистон Мирзобобур ба пиру муршиди худ Махдуми Аъзам аз тарафи пиру муршид навишта шуда мебошад.
Боз як асари Махдуми Аъзам «Танбиятус-салотин» аз панду насиҳатҳои тариқатӣ ба подшоҳу султонҳо иборат буда, ба даъвати онҳо барои хизмат дар роҳи манфиати халқ бахшида шудааст.
Асари «Ламаҳот мин нафаҳотул-қудс» мақомоти машҳуртарини тариқати Яссавия буда, онро муршиди маъруфи тариқат Олии Шайх Азизон навиштааст. Асар ба зикри ҷаҳри тариқати Яссавия ва таърихи алломаҳои машҳури он бахшида шудааст.
«Ақидаи исломияи Мотурудия» тарҷимаи мӯъҷази китоби «Ақидаи исломия» мебошад, ки Мунавварқорӣ дар асоси ақидаҳои асосгузори бузурги илми калом ва равияи «Мотурудия» ва барқароркунандаи ақидаи аҳли сунна ва ҷамоаи исломӣ ҳамдиёри мо Имом Абу Мансур ал-Мотурудӣ таҳия кардааст ва дар он ақидаҳои асосие, ки ҳамаи мусалмонон бояд донанд, гирд оварда шудааст.
Ин рисола аз ақидаҳои асосии Имом Мотурудӣ, ки дар асоси асарҳои «Ат-Тавҳид» ва «Ат-таъвилоти аҳли сунна» гирд оварда шудаанд, иборат мебошад.
Каталоги ҳуҷҷатҳои дастнависи нодири қадимаи китобхонаи шахсии Махдуми Аъзамиҳо
«Халқи зиёӣ ва илмдӯсти мо сарфи назар аз ҷангу даври қатағон дастнавис манбаъҳое, ки қадрияти аз ҳама асосии таърихамон аст, ҷонро ба гарав монда бошад ҳам, чун ҳуҷҷатҳои ноёб нигоҳ медоранд.
Яке аз оилаҳое, ки чунин китобхонаи шахсии хеле ноёб дорад, аз бобоям Каттахонхоҷаи Даҳбедӣ, ки аз авлоди Махдуми Даҳбедӣ аст ва ҳамсари ин зот Мӯҳтарамхон духтари Қозӣ Зикриёхоҷа бойгонӣ (архив)-и ба камина муаллиф мерос монда буда, дар он беш аз 100-то ҳуҷҷатҳои қадимаи дорои аҳамияти илмӣ низ дохил мешаванд.
Соли 2016 Ҳукумати Ӯзбекистон маҷмӯи «Каталоги китобҳои қадимаи нодири аз Махдуми Аъзам ва авлоди машҳури ӯ меросмондаи муаллифи ин сатрҳоро роҷеъ ба китобҳои дастнависи нодири қадимаи хонадони Махдуми Аъзам нашр кард, ки он дар ин самт китоби аввалини Албом – Каталоги мо буд.
Албом – китоби мазкури «Каталоги ҳуҷҷатҳои дастнависи қадимии нодири китобхонаи шахсии Махдуми Аъзамиҳо» давоми маҷмӯи аввала буда, китоби дуюми мо роҷеъ ба ҳуҷҷатҳои дастхати нодири қадима мебошад.
Ҳуҷҷатҳои нодири мазкур ба асрҳои XVI-XIX дахл дошта, дар байни онҳо ҳуҷҷатҳои ноёбе низ мавҷуд аст, ки аз дарбори Амир Ялангтӯш Баҳодури даври Аштархониҳо ва ҳукмдорони манғит чун Амири Маъсум – Шоҳмурод ва Амир Ҳайдар то ба мо расида омадаанд.
Китобҳо аз тарафи ҳокимияти вилояти Самарқанд чоп карда шудаанд.
Ба дӯстони таърихдӯсте, ки барои нашри ҳуҷҷатҳои нодири мероси ниёгон ва қадима саъю ҳаракат кардаанд, миннатдории амиқ изҳор мекунам».

Мирзо МАСЪУЛ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ