Оё наъли болои дар бахту саодат меорад?

Оё наъли болои дар бахту саодат меорад?

  • Post category:Фарҳанг

Ҳоло одам дар кӯчаҳои Самарқанд гашта, зиқ намешавад. Чашмонаш ба рекламаву лавҳаҳои таблиғотии болои дари нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ ва ошхонаву тарабхонаҳо афтода, гоҳо ба куҷо рафта истодани худро фаромӯш мекунад.
Мақсади асосии рекламаҳо зиёдкунии даромади корхонаву муассисаҳо аз ҳисоби ҷалбсозии диққати мардум ба бору маҳсулот ба ҳисоб меравад.
Реклама ин чунин, муҳаррики пешбарандаи савдо… бозӣ бо майнаи одам, чапғалат задани фикри мардум… бору маҳсулоти нодаркорро пул кардан… хулоса, чашмаи даромади маблағ мебошад.
Баъзе корчаллонҳо ҳанӯз ба кор сар накарда, ба ҷалби диққати мардум мекӯшанд. Баъд якбора дар девори даромадгоҳи коргоҳашон лавҳаи калоне – «Мо кушодем!»-ро мечаспонанд. Онро хонда, дар дил мегӯед: «Нағз кардед, ки кушодед. Агар баднафсӣ карда, ҳаққи мардумхӯрӣ кунед, боз мебандед». Вале онҳо одамонро оиди баста шуданаш ҳаргиз хабардор намекунанд.
Тадбиркорони мо истеҳсоли маҳсулотро не, як чизро аз як ҷо харида, дар дигар ҷо – дар дӯкони худ фурӯхтанро дӯст медоранд. Болои пештоқи дари дӯконашонро лавҳа – рекламаҳои таблиғотии «Файз» ё «Барака» оро медиҳад. Баъзе молу матоъҳоро, ки якуним – ду баробари нархаш фурӯхтанӣ мешаванд, файзу баракаи онҳоро мардум чандон эҳсос намекунанд. Рафта-рафта ба ин гуна нуқтаҳои савдо одамон намедароянд. Мардум маҳсулотеро мехаранд, ки аз он файзу барака ба хонадони онҳо дарояд.
Аз ҳама ҳам, рекламаҳои беруна дар назди ошхонаву қаҳвахонаҳо бисёранд: «Лаззат», «Дилкаш», «Ҳаловат», «Роҳат», «Фароғат», «Самбӯсаи бомазза», «Суперманту», «Оши зӯр» ва ҳатто «Фалонӣ шашлик»… Ҳа, пазанда ва ё соҳибони ин гуна нуқтаҳои хӯроквориро фаҳмидан мумкин: бо вуҷуди ин гуна таблиғот хӯрандаҳо наоянд, хӯрокашон дар дегҳо мемонад ва худашон ба хӯрдан маҷбур мешаванд. Вале то ҳол касе нашунидааст, ки пазандаҳо хӯрокҳои пухтаи худро хӯрда бошанд.
Дар болои даромадгоҳи як дорухона таблои электронии «Ҷаннат-шифо»-ро часпондаанд. Аз ин реклама маъное бардошта натавониста, одам гаранг мешавад. Аз афташ, мақсади мудири дорухона ба воситаи доруҳо дар ҷаннат шифо ёфтани мардуми бемор бошад?
Баъзеҳо болои дару дарвозаҳояшон наълро мехкӯб кардаанд. Ин ҳам як намуди реклама аст. Гӯё наъл ба ин хонадон бахту саодат меорад. Вале онҳо намедонанд, ки барои бахту саодат ва фаровонии рӯзгор одам бояд мисли асп меҳнат кунад.

Бахтиёри ҶУМЪА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ