Мактаби Хоразмӣ бо ширкати амрикоӣ ҳамкорӣ мекунад


Бино ба хабари вазорати технологияҳои иттилоотӣ ва иртибототи (ВТИИ) Ӯзбекистон, Мактаби Муҳаммад ал-Хоразмӣ, ки ба соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва иртибототӣ ихтисос ёфтааст, бо ширкати амрикоии EPAM Systems ҳамкориро ба роҳ андохтааст.
Ба гуфтаи Шерзод Аҳмадов, котиби матбуотии вазири технологияҳои иттилоотӣ гуфт, “Дар чорчӯби ҳамкорӣ роҳандозии давраҳои омӯзишии мутахассисони ширкати байналмилалӣ, омода кардани кадрҳои барҷастаи соҳаи IT дар Ӯзбекистон барномарезӣ шудааст.
EPAM Systems соли 1993 дар иёлати Пенсилванияи ИМА таъсис ёфтааст. EPAM Systems яке аз ширкатҳои бузурги ҷаҳон мебошад, ки дар соҳаи IT хидматрасонӣ мекунад.
Дар ҳоли ҳозир ин ширкат дар беш аз 30 кишвари ҷаҳон фаъолият дорад. Дар чанд кишвари ИДМ низ намояндагиҳои ин ширкат вуҷуд дорад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ