Рӯзи гузашта 6 нафар бемор дар Ӯзбекистон вафот карданд

Рӯзи гузашта 6 нафар бемор дар Ӯзбекистон вафот карданд

  • Post category:Саломатӣ


Вазорати ҳифзи тандурустии кишвар шаби гузашта дар бораи марги 2 нафар мубталои коронавирус – яке дар Бухоро ва дигаре дар Сурхондарё хабар дод.
Дар вилояти Бухоро зани 53-сола, сокини ноҳияи Шофирком қурбони коронавирус шуд. Ӯ рӯзи 20 июн дар бемористон бистарӣ шуда буд.
Дар вилояти Сурхондарё марди 35-сола бар асари гирифторӣ ба COVID-19 даргузашт.
Бо ин ҳол танҳо дар як рӯзи гузашта дар кишвар 6 нафар бемор вафот карданд. Қаблан хабари марги 2 бемор дар Тошканд, 1 бемор дар Ҷиззах ва як бемори дигар дар Бухоро тасдиқ шуда буд.
Дар кулл, шумори қурбониёни коронавирус дар Ӯзбекистон ба 51 нафар расид.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ