Рӯзи 10-уми июл дар ҷаҳон чӣ рӯй дод?

Дар Мавритания — Рӯзи армия.

Дар Муғулистон – Рӯзи Парчами давлатӣ.

Дар Русия – Рӯзи қувваҳои ҳарбӣ.

Соли 1847 аввалин маротиба 35 муҳоҷири кории Чин ба Амрико рафтанд.

Соли 1878 дар Англия аввалин маротиба довари бозии футбол ҳуштак истифода бурд. То он вақт доварони футбол бо овози баланд фарёд мекарданд.

Соли 1913 дар иёлати Калифорнияи ИМА ҳарорати баландтарини ҳаво – 57 дараҷа гармӣ ба қайд гирифта шуд.

Соли 1925 Агентии Телеграфии Иттиҳоди Шӯравӣ (ТАСС) таъсис дода шуд.

Соли 1962 ширкати америкоии «American Telephone and Telegraph» ба воситаи алоқаи моҳвораи «»elstar» миёни ИМА, Англия ва Фаронса аввалин санҷиши алоқаи телефониро ба роҳ монд.

Соли 2007 аввалин маротиба давоми навад сол дар пойтахти Аргентина боридани барф ба қайд гирифта шуд.

Соли 2017 дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон чемпионати XXII Осиё оид ба варзиши сабук баргузор гардид.

Соли 2017 Телевизиони Ӯзбекистон филми мустанади «Ӯзбекистон-Тоҷикистон: дӯстие, ки аз санҷиши замон гузаштааст»-ро, ки онро шабакаи телевизиони «O‘zbekiston» таҳия кардааст, намоиш дод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ