Рӯзи истиқлоли Аргентина бо тазоҳуроти мардум зидди карантин “рангинтар” шуд

Рӯзи истиқлоли Аргентина бо тазоҳуроти мардум зидди карантин “рангинтар” шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Рӯзи 9 июл дар Аргентина, ки рӯзи истиқлол мебошад, якбора дар чанд шаҳр мардум бар зидди карантин, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ҷорӣ шудааст, тазоҳур карданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии Todo Noticias
Эътирозгарон дар назди қароргоҳи раисҷумҳур дар Буэнос-Айрес ва Обелиск – ёдгории замонавӣ, ки яке аз символҳои пойтахт мебошад, ҷамъ шуданд. Ҳамчунин, дар шаҳрҳои вилоятҳои Буэнос-Айрес, Санта-Фе, Кордова, Мендоса ва Тукуман мардум бар зидди ҷорӣ шудани карантин тазоҳур карданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Аргентина то ҳол беш аз 90 ҳазор мубталои коронавирус шудаанд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ