Озмоиши ваксина зидди коронавирус ба марҳилаи ниҳоӣ расид

Озмоиши ваксина зидди коронавирус ба марҳилаи ниҳоӣ расид

  • Post category:Саломатӣ


Вазорати мудофиаи Руси ва Пажӯҳишгоҳи миллии Гамелея озмоиши ваксинаи зидди коронавирусро ба марҳилаи поёнӣ расонданд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС ба нақл аз вазорати мудофиаи Русия хабар медиҳад.
Озмоишҳо рӯзи 18 июн бо иштироки 2 гурӯҳ довталабон оғоз шуд.
Гурӯҳи аввал рӯзи 15 июл баъди таҳлил бармегарданд. Гурӯҳи дувум рӯзи 13 июл ҷузъи дувуми ваксинаро қабул мекунанд.
Гуфта мешавад, ки дар озмоишҳо ягон нафар вокуниши манфӣ нишон надода, ё худро бад эҳсос накардаанд.
Ҳамаи иштироккунандагони озмоиш таҳти назорати ҳамарӯзаи шифокорон қарор доранд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ