“Сайд”-и нави коронавирус дар миёни пешвоёни Амрикои Ҷанубӣ Ҷанин Анес, раисҷумҳури муваққати Боливия гирифтори коронавирус шуд.

Худи ӯ дар ин бора дар Твиттер навишт.
Ҷанин Анес навишт, “Тести коронавирус бемории маро тасдиқ кард”. Ба гуфтаи сиёсатмадор, вазъи саломатиаш нигаронкунанда нест ва корашро ба тарзи фосилавӣ идома хоҳад дод.
Дар ҳоли ҳозир дар Боливия шумори гирифторони коронавирус наздик ба 43 ҳазор аст. 12,8 нафар гирифтор шифо ёфтанд ва 1,5 нафар вафот карданд.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш раисҷумҳумҳури Бразилия – Жаир Болсонару ва Хуан Орландо Эрнандес, пешвои Ҳондурас низ мубталои коронавирус шуда буданд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ