Аз Булунғур то Пахтачӣ: вазъи шафати роҳи оҳан чи хел аст?

Аз Булунғур то Пахтачӣ: вазъи шафати роҳи оҳан чи хел аст?


Дар бораи ободии минтақаҳое, ки дар шафати роҳи оҳан ҷойгиранд, чӣ гуфта метавонем? Аз тирезаи поезд ба мусофирон чиҳо намоён мешавад? барои пайдо кардани назари нек бояд чӣ корҳоро анҷом диҳем? Дар рафти корҳои омӯзишие, ки гурӯҳи кории ҳокимияти вилоят бобати роҳҳои оҳан амалӣ кард, ба масъалаҳои зерин эътибор дода шуд. Дар ин чорабинӣ роҳбарони секторҳои шаҳру ноҳияҳо, шӯъбаҳои ободсозӣ, инспексияҳои назорати санитарӣ-эпидемиологӣ, кадастри ҳудудӣ ва шӯъбаҳои меъморӣ иштирок карданд.
Гурӯҳи корӣ аз стансияи роҳи оҳани “Булунғур” то стансияи “Зиёвуддин”-и ноҳияи Пахтачӣ вазъи фаъолияти роҳи оҳан ва ободии роҳҳоеро, ки аз шаҳрҳои Самарқанд ва Каттақӯрғон, инчунин, ноҳияҳои Булунғур, Ҷомбой, Пастдарғам, Каттақўрғон, Нарпай ва Пахтачӣ мегузаранд, омӯхт.
Масъалаи аввалине, ки мавриди баррасии гурӯҳи корӣ қарор гирифт, ба хорзор табдил гардидани канори роҳҳои оҳани ноҳияи Булунғур, ба таъмир ниёз доштани намо (фасад)-и хонаҳои даҳҳо нафар шаҳрвандони ноҳия буд. дар ин бора ба мутасаддиёни ноҳия супоришҳо дода шуд, таъкид карданд, ки бобати таъмири хонаҳои шаҳрвандон ёрии амалӣ расонида шавад.
Солҳои наздик дар 26 гектар майдони ноҳияи Ҷомбой боғҳои интенсивӣ ташкил гардид. Ин амали хуб аст. Аммо имрӯзҳо қатори байни дарахтҳои мевадор бетартиб буда, байни онҳоро алафҳои бегона зер кардааст. Ин аз бепарвоии боғдорон гувоҳӣ медиҳад. Аз беэътибории кишоварзон қисми поёни яке аз киштзорҳои ноҳияро, ҳангоми обгузорӣ об зер кардааст. Заминҳои аз ғалла холишуда на танҳо то ҳол такроран ҳатто кишт шудгор нагардидаанд. Дар асоси супорише, ки ҳангоми корҳои омӯзишии муқаддам пешниҳод гардида буд, дар қади роҳи оҳан дарахтҳои манзаравӣ шинонда шудаанд. Аммо аз беъэтиборӣ аксари онҳо хушк гардидаанд, ки ин боиси эътирози гурӯҳи корӣ шуд. Ба роҳбарияти ноҳия вазифаҳо роҷеъ ба ободонии минтақаҳо, ба аҳолии маҳаллӣ барои истифода супоридани заминҳо барои кишти такрорӣ вазифаҳо дода шуд.
Агар пештар сарҳади шафати роҳи оҳан 50 метро ташкил карда бошад, имрӯз он ба дараҷаи назаррас наздик карда шудааст. Имрӯзҳо ҳудуди роҳи оҳане, ки дар баланси Ҷамъияти саҳҳомии «Ўзбекистон темир йўллари» қарор доранд, пур аз партов гардида, ба ободсозӣ ниёз доранд.
Ба мутасаддиён супориш дода шуд, ки дар асоси созиш бо Ҷамъияти саҳҳомии «Ўзбекистон темир йўллари» заминҳои аз ҳисоби сарҳади муқаррарӣ баровардашударо ба аҳолии маҳаллӣ барои истифода диҳанд.
Чунин муаммоҳо дар ҳудуди шаҳрҳои Самарқанд ва Каттақӯрғон ва дигар ноҳияҳо низ ба назар расиданд. Бинобар ин, доир ба истифодаи босамар аз объектҳои бекорхобида, ба тадбиркорҳо супурдани чунин иншоотҳо супоришҳои амиқ дода шуд.
Дар анҷоми корҳои омӯзишӣ ба роҳбарони корхонаҳое, ки дар шафати роҳи оҳан ҷойгиранд, аз рӯйи ба тартиб овардани атрофи корхонаҳо, ба шахсони масъул доир ба обод кардани ду тарафи роҳи оҳан дастурамал ва супоришҳо дода шуданд.
Хизмати ахбори ҳокимияти вилоят.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ