Чаро ба муроҷиатҳои ҷавонон аз паси панҷа менигаранд?


Дар фаъолияти ҳокими вилоят Э.Турдимов вохӯрӣ дар минтақаҳои мухталиф бо гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ таҷрибаи ибратангезе аст. 25-уми июни соли равон бо ҷавонон онлайн-вохӯрӣ гузаронида, талабу хоҳиши онҳоро шунида буд. Дар вохӯрӣ аз ҷавонон 122-то муроҷиат қабул гардид.
Сипас, ҳокими вилоят дар ҷамъомаде, ки 1-уми июл барпо гашт, ба ҷонишинони ҳокими вилоят, ҳокимони шаҳр ва ноҳияҳо, роҳбарони садорат ва ташкилотҳои вилоятӣ роҷеъ ба муроҷиатҳои ҷавонон вазифаҳои мушаххас дода буд. Ба ҳалли муроҷиатҳо аз се рӯз то як моҳ мӯҳлат доданд. Оё ин супоришҳо саривақтӣ иҷро шуданд. Мо бо муроҷиаткунандагон сӯҳбат кардем.
Ба гуфти Парвиз Қурбонови тайлоқӣ се моҳ боз барои дар қитъаи замини наздиҳавлигиаш сохтани гармхона ва кушодани сехи қандалотпазӣ кредити имтиёзнок гирифта наметавонад. Баъди муроҷиат ба ҳокими вилоят вазифаи ҳалли мусбии муроҷиат ба зиммаи иҷрокунандаи вазифаи сардори Сарсадорати вилоятии Бонки марказӣ О.Тӯхтаев ва ҳокими шаҳри Б.Бобоназаров вогузошта шуд. Вале ҳафт рӯз гузашта бошад ҳам, ҳеҷ кас ба муаммои Парвиз мароқ зоҳир накардааст.
Бекзод Анваров аз Қӯшработ барои сохтани дару тирезаҳои «Акфа» 12 миллион сӯм кредити имтиёзнок пурсида буд. Онро дар муддати як ҳафта баррасӣ карданро супурданд, вале бо ӯ низ ҳеҷ кас сӯҳбат накардааст.
Ба гуфти вай аз сабаби карантин ба ҳокимияти ноҳия даромада натавонистааст. Кормандони шӯъбаи ноҳиявии «Агробанк» бошад, гуфтаанд, ки барои додани кредит маблағ нест.
Ҳаловат Маҳкамова аз ноҳияи Ургут бо таҷҳизоти махсус таъмин кардани синфхонаи кимиёву биологияи мактаби таълими миёнаи рақами 1-умро пурсидааст. Вале ба вай низ ҳеҷ кас занг назадааст ва муаммо то ҳол ҳал нашудааст. Иҷрои Муроҷиати Ҳаловатро бошад, ба ҳокимияти ноҳияи Ургут ва Садорати таълими халқи вилоят супурдаанд.
Марҷона Ҳамроеваи пахтачигӣ ҳамин сол коллеҷи тиббиро хатм кардааст, вале аз рӯи ихтисос кор наёфта, дар ин масъала ёрӣ доданро пурсидааст. Мутаассифона вай низ то ҳанӯз бекор аст. Ба муроҷиати ӯ на мутасаддиёни Садорати ҳифзи тандурустӣ ва на Сарсадорати таъмини шуғли аҳолии вилоят эътибор додаанд.
Ғайр аз ин, тааҷҷубовар аст, ки баъзе ҷавонону духтароне, ки ному фамилия ва рақамҳои телефонашон дар рӯйхати ба ҳокими вилоят муроҷиаткардагон дохил карда шудааст, арз мекунанд, ки ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ кас муроҷиат накардаанд. Ба телефони чанд нафари дигари онҳо бошад, занг зада натавонистаанд.
Мақсади вохӯрии ҳокими вилоят бо ҷавонон бо роҳи ҳалли муаммоҳои онҳо ба ҷомеа ҷалб кардани қувваҳои наву боғайрат мебошад.
Ба чунин кори хайр аз байни панҷа нигоҳ кардани роҳбарони идораҳои мутасаддиро чӣ хел бояд фаҳмид?
Мо танҳо муроҷиатҳое, ки бояд дар муддати аз се рӯз то як ҳафта баррасӣ мегардиданд, дида баромадему бас. Баъди як моҳ натиҷаи муроҷиатҳои боқимондаро низ меомӯзем ва аз он хонандагонро хабардор мекунем.
Хуршеда ЭРНАЗАРОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ