Ҳазорон ӯзбекистонӣ, ки дар сарҳади Қазоқистон дармонда буданд, ба ватан ворид шуданд


Аз тариқи гузаргоҳи “Жибек жоли-Ғишткӯприк”, ки дар марзи миёни Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҷойгир аст, беш аз 3700 нафар ӯзбекистонӣ ба ватан баргаштанд. Дар ин бора маркази матбуотии вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод.
Гуфта мешавад, ки рӯзҳои 1-7 июл 2700 нафар шаҳрванди Ӯзбекистон аз тариқи ин гузаргоҳ ба ватани худ бозгаштанд. Вале бо сабабҳои мавҷуда ҳамарӯза шумори маҳдуди шаҳрвандон аз гузаргоҳ убур мекард. Дар натиҷа то рӯзи 8 июл дар марзи Қазоқистон тақрибан 3 ҳазор нафар дармонданд.
Бо саъйу кӯшишҳои комиссияи махсуси ҷумҳурӣ, нерӯҳои мусаллаҳи хадамоти амнияти давлатӣ, ва намояндагиҳои дипломатики Ӯзбекистон дар Қазоқистон мушкилиҳо бартараф шуданд ва дар рӯзҳои 8-9 июл 3746 нафар шаҳрванд марзи Қазоқистонро аз тариқи гузаргоҳи “Жибек жоли-Ғишткӯприк” убур карданд.
Дар ҳоли ҳозир ҳангоми убур аз марзи миёни ду кишвар муаммое намондааст ва шаҳрвандон бидуни дармондагӣ вориди кишвар мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки шаҳрвандон баъди ворид шудан ба кишвар бар асоси талабҳои мавҷудаи комиссияи махсуси ҷумҳурӣ 14 рӯзро дар карантин сипарӣ мекунанд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ