Имрӯз ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов зодрӯз доранд.

Имрӯз ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов зодрӯз доранд.

Ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов 10-уми июли соли 1969 дар ноҳияи Қӯшработ таваллуд шудааст.

Соли 1991 Донишкадаи хоҷагии халқи Тошкандро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиро аз соли 1991 дар филиали «Ӯзсаноатқурилишбанк»-и Сирдарё ба ҳайси сармутахассиси шӯъба оғоз намудааст.

Эркинҷон Турдимов соли 2008 муддате чун ҷонишини якуми вазири хоҷагии қишлоқ ва об доир ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ дар деҳот кор карда, тӯли солҳои 2008-2016 дар вазифаи ҳокими вилояти Навоӣ кор кардааст.

Солҳои 2016-2018 ба сифати ҳокими вилояти Сурхондарё фаъолият намудааст.

Соли 2006 бо ордени «Меҳнат шуҳрати» сарфароз гардидааст.

Ба муносибати солгарди умр Эркинҷон Турдимовро аз номи ҷамоаи рӯзномаи «Овози Самарқанд» табрик мекунем.
Бигзор доим тансиҳат, сарбаланд ва саодатманд бошанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ