Муҳлати ҳабси раисҷумҳури собиқи Кореяи Ҷанубӣ то 20 сол коҳиш ёфт


Додгоҳи (суд) шаҳри Сеул қарор кард, ки муҳлати ҳабси хонум Пак Кин Хе – раисҷумҳури собиқи Кореяи Ҷанубӣ аз 30 сол то 20 сол коҳиш дода шавад. Дар ин бора KBS хабар додааст.
Бино ба додаҳо, бонуи сиёсатмадор ба ҷурми ришвадиҳӣ 5 солро ва ба ҷурми суи истифода 15 солро дар зиндон сипарӣ мекунад. Ҳамчунин, 15 миллион доллар ҷарима месупорад.
Ёдовар мешавем, ки Пак Кин Хе соли 2018 бар асоси парвандаи ҷиноии фасод (коррупсия), ошкор кардани сирри давлат ва суиистифодаву тамаъҷӯӣ маҳкум ба ҳабси тӯлонӣ шуда буд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ