Косаи сабри Тӯқаев лабрез шуд, ӯ ба ҳукумат 2 ҳафта муҳлат дод

Косаи сабри Тӯқаев лабрез шуд, ӯ ба ҳукумат 2 ҳафта муҳлат дод


Қосим Ҷомарт Тӯқаев, раисҷумҳури Қазоқистон сарҳисоби корҳои анҷомшуда дар заминаи мубориза бо коронавирусро оғоз кард. Ӯ барои муайян кардани хатову тамбудиҳои вазирон комиссияи махсус эҷод мекунад.
Ӯ бо таъкиди ин, ки шарикҳои хориҷӣ ёриҳои инсондӯстона ва мутахассисҳои худро ба Қазоқистон мефиристанд, ба истифодаи самарбахши онҳо бо чашми шубҳа нигарист.
Ҳамчунин, Тӯқаев ба ҳукумат 2 ҳафта муҳлат дод, то вазъияти марбут ба коронавирусро рӯ ба беҳбудӣ оварад. Ӯ афзуд, ки дар сурати тағйир наёфтани вазъият масъалаи истеъфои ҳукумат бардошта мешавад.
Бар асоси додаҳои расмӣ, шумори мубталоён дар Қазоқистон ҳоло беш аз 54 ҳазор нафар аст.
Дар моҳи июн пандемия дар Қазоқистон авҷ гирифт. Дар натиҷа, фишор ба бахши ҳифзи тандурустӣ зиёд шуд, бемористонҳо бо гирифторон пур гардид, камбуди доруҳо дар дорухонаҳо эҳсос шуд. Ҳоло бисёре аз шаҳрвандони ин кишвар аз маҷбурӣ дар хона муолиҷа мешаванд.
Ба ин далел, Қазоқистон аз Русия ёрӣ пурсид. Рӯзи 6 июл мутахассисони рус ба шаҳрҳои Нур-Султон ва Алматӣ омаданд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ