Эркинҷон Турдимов: ҳар рӯз дар вақти холӣ китоб мехонам

Эркинҷон Турдимов: ҳар рӯз дар вақти холӣ китоб мехонам

  • Ман аз он ифтихор мекунам, ки дар сарзамини қадимӣ ва муқаддас, алалхусус дар деҳае, ки дар он ҷо Эргаш Ҷуманбулбул зиндагӣ кардааст, таваллуд шуда ба воя расидам.
    Аз ин рӯ, аз кӯдакӣ ба адабиёт меҳр гузоштаам. Падарам гарчанде, ки ронандаи оддӣ буд, ҳар рӯз рӯзномаву маҷаллаҳоро мехонд ва ҳар рӯз оиди мазмуни китобҳои хондаи мо мепурсид. Бахусус, мақолҳои халқиву эҷодиёти Эргаш шоирро бисёр азхуд мекунонид.
    Имрӯз ҳам дар хона ва ҳам дар кор, ҳамеша дар рӯи мизи кориам ду ё се китоб меистад. Лекин ҳар рӯз дар вақти холӣ китоб мехонам. «Тузукоти Темур» китобест, ки ҳамарӯза ба даст мегирам. Инчунин, ба ҳикматҳои Конфутсий низ бисёр муроҷиат мекунам.
    Ҳоло вақт ҷудо карда, китоби » 21 дарс барои асри XXI»- и Ювал Ной Ҳарариро мехонам. Китоби мазкур аз он ҷиҳат муҳим аст, ки дар он тафсилоти муҳим дар бораи гузаштаи наздик, ҳозира ва ояндаи ҷаҳони имрӯза оварда шудаанд. Ҳаёти имрӯзаи инсоният, тақдири ояндаи он дар мисоли давлатҳо ва халқҳо ба хубӣ таҳлил карда шудааст.
    Аз таҷрибаи ҳаётӣ ба як чиз боварӣ ҳосил кардам, ки одамони равшанфикру маърифатпарвар ба инсон, алалхусус роҳбарон, кучу қувват медиҳанд. Онҳо талабот ва дарди мардумро нисбат ба дигарон амиқтар дарк мекунанд. Зеро, ман аз мулоқоту сӯҳбатҳои чунин одамон маслиҳатҳои муфид гирифтаам.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ