Пурсед, ҷавоб медиҳем


Савол: Оё коронавирус ба занони ҳомила ва ҳомилаи онҳо таъсир мерасонад ва агар ин тавр бошад, то чӣ андоза?
Ҷавоб: Ҳеҷ хулосаи илмӣ дар бораи таъсири сирояти коронавирус ба зани ҳомиладор ва ҳомилаи ӯ мавҷуд нест.
Дар айни замон дар бораи нисбат ба дигарон бештар моил будани занони ҳомиладор ба сирояти коронавирус низ маълумоти амиқ нест.
Вале шифокорон таъкид мекунанд, ки барои таваллуди кӯдаки солим, зани ҳомиладор новобаста аз намуди сироят бояд худро аз онҳо муҳофизат кунад.
Савол: Вирус дар рӯ чӣ қадар вақт зиндагӣ мекунад. Вирусро чӣ тавр безарар гардонидан мумкин аст?
Ҷавоб: Вирус метавонад дар тӯли 3 соат то якчанд рӯз дар рӯ зиндагӣ кунад. Вақти амиқи он ба як қатор шартҳо вобаста аст.
Масалан, намуди ҷисм, ҳарорат ва намии муҳити атроф. Аз ин рӯ, ба таври доимӣ дезинфексиякунонии ҷисмҳо, дастгоҳҳои дарҳо, асбобҳо, хусусан дастгоҳҳои мобилӣ муҳим аст.
Ашёҳоро бо хлор ё спирт дезинфексия кардан мумкин аст.
Ба саволҳо аъзои штаби мубориза бар зидди короавируси назди АОКА Ҳабубулло Оқилов ҷавоб дод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ