Шумор мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон ба 12027 нафар расид


Вазорати ҳифзи тандурустии Ӯзбекистон дар бораи гирифтории 170 нафари нав ба коронавирус хабар дод. Бо ин ҳол соати шаби гузашта дар соати 23.30 шумори кулли гирифторони COVID-19 дар кишвар ба 12027 нафар расид.
99 нафар бемори нав шаҳрвандоне буданд, ки аз хориҷа баргаштаанд ва ҳоло дар маркази карантин ҳастанд. Дар шаҳри Тошканд 24 нафар, дар вилояти Намангон 24 нафар (6 нафар дар миёни аҳолӣ), дар Ҷумҳурии Қорақалпоқистон 16 нафар (7 нафар дар миёни аҳолӣ), 6 нафар дар вилояти Ҷиззаҳ ва 1 нафар мубталои коронавирус дар вилояти Фарғона сабт шуданд.
Дар кулл, рӯзи гузашта 463 мавриди гирифторӣ сабт шуд ва 3 нафар бемор вафот кард.
Дар ҳоли ҳозир 4443 нафар бемор муолиҷа мешаванд. Вазъияти саломатии 43 нафари онҳо вазнин, 10 нафар хеле вазнин аст.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ