Бекорӣ душмани ман аст

Бекорӣ душмани ман аст

Ситорабону ба бибии модариаш ҳавас карда, аз хурдӣ дар дил орзуи муаллимаи забони русӣ шуданро мепарварид. Аз ин рӯ, барои дар амал ҷорӣ кардани орзуҳояш пайваста хонд. Тайёрӣ дид ва ниҳоят орзуяш ҷомаи амал пӯшид.
Вақте ки Ситорабону дар синфи нӯҳум мехонд, модараш ӯро ба дӯзандае шогирд гузошт.
– Зану духтарон ғайр аз соҳиби касбе будан, боз ҳунареро донанд хуб аст. Барои занҳо дӯзандагӣ хеле кори муҳим ба ҳисоб меравад. Дар оянда ҳеҷ набошад, куртаи худу фарзандонатро медӯзанд. Баъзе занҳое ҳастанд, ки ҳатто сӯзан дошта наметавонанд – мегӯяд Ситорабону.
Ба Ситорабону дӯзандагӣ хеле маъқул шуд. Аз устодаш асрори дӯзандагиро хуб омӯхт. Пас аз донишҷӯй шудан ҳам, аз дӯзандагӣ даст накашид. Азбаски дар асоси шартнома мехонд, хост ба падару модараш кӯмак расонад. Барои ҳамин то қадри имкон дӯзандагӣ карда, ба супоридани контракт ёрӣ мерасонид.
– Ман вақти худро ба қисмҳо тақсим кардаам. Пагоҳӣ аввал ба корҳои рӯзгор ёрӣ расонида, пас дарсҳоямро иҷро мекунам. Аз нисфирӯз бо дӯзандагӣ машғул мешавам. Бекор нишастан душмани ман ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, то қад­ри имкон аз вақт босамар истифода мебарам. Мехоҳам дар оянда муаллимаи забони русӣ ва дар дӯзандагӣ низ устоди моҳир шавам. Корхонаи дӯзандагӣ кушода, ба духтарҳои маҳаллаамон – Гулбоғ ҳунари дӯзандагиро омӯзам, – гуфт Ситорабону Маъдиева.

Зарнигор ҲАМДАМОВА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ