«Вазъият дар шаҳри Самарқанд бад шуда истодааст», ба шаҳрвандони Самарқанд муроҷиат намуд Эркинҷон Турдимов


Ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов ба аҳолии вилоят муроҷиат карда, ба онҳо дар бораи паҳншавии коронавирус маълумот дод. Э. Турдимов ҳангоми муроҷиат борҳо қайд кард, ки вазъият бад аст.

  • Вазъият бадтар шуда истодааст. Дар як рӯз, 10-уми июл, дар вилоят 37 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Шумораи умумии беморон 573 нафарро ташкил намуда, 475 нафари онҳо шифо ёфтаанд. Аз беморони табобатшаванда 3 нафар дар ҳолати хеле вазнин ва 18 нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд. Ҳоло 2775 нафар дар карантин ҷойгиранд, — гуфт ҳангоми муроҷиат ҳокими вилоят.
    Ҳоким ба хеле вазнин будани вазъияти шаҳри Самарқанд ишора кард ва қайд намуд, ки дар як рӯз 27 ҳолат ошкор шудааст. Инчунин таъкид намуд, ки 3 нафар аз ноҳияи Пастарғам ва аз ноҳияҳои дигар 1 нафарӣ ба қайд гирифта шудаанд. Э. Турдимов сокинонро даъват кард, ки вазъиятро ҷиддӣ қабул кунанд.
    Инчунин қайд гардид,ки дар ҷойҳо, ҳамаи ҳокимони ноҳия ва мансабдорон ба оилаҳои камбизоат, оилаҳое, ки ҷои кори худро аз даст додаанд ва азият мекашанд, дар шакли хӯрок кӯмаки молиявӣ мерасонанд.
    Турдимов аз шаҳрвандон хоҳиш кард, ки вақте ки нишонаҳои ин бемориро ҳис мекунанд, фавран ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат намоянд. Кормандони тиб, мутахассисон чораҳои зарурӣ меандешанд.
    Аз ман худро муолиҷа мекунам, ин зуд мегузарад, ин як чизи муваққатист, агар ду доруи нӯшам шифо меёбам барин фикрҳо дур бошед, ҳанман ба муассисаи тиббӣ хабар диҳед. Агар мо муттаҳид шавем, албатта коронавирусро мағлуб хоҳем кард », — хулоса кард Эркинҷон Турдимов.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ