11-уми июл: аз рӯзи байналмилалии шоколад то таваллуди асосгузори ширкати «Armani»

Рӯзи умумиҷаҳонии нуфузи аҳолӣ.

Рӯзи байналмилалии шоколад.

Соли 1700 дар Берлин Академияи илмҳои Германия таъсис дода шуд.

Соли 1890 аввалин маротиба дар таърихи Ҷопон интихоботи сиёсӣ баргузор гардид.

Соли 1920 — Юл Бриннер (соли даргузашт 1985), ҳунарманди амрикоӣ таваллуд шудааст.

Соли 1933 дар Женева Конвенсияи байналмилалӣ оид ба назорати маводи мухаддир созмон дода шуд.

1934 — Джорджио Армани, мудели арманӣ, асосгузори ширкати Armani ба дунё омадааст.

Соли 1950 дар Англия аввалин  барномаи машҳури кӯдаконаи телевизиони ББС «Andy Pandy» пахш шуд.

Соли 1982  Италия маротибаи сеюм Чемпиони ҷаҳон оид ба футбол шуд. Он дар даври финалӣ дастаи Германияро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард.

Соли 2006 дар натиҷаи таркиш дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Мумбайи Ҳиндустон 190 нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 2007 дар Душанбе мағозаи нахустини бренди “Адидас” кушода шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ