ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН БА ИШТИРОКДОРОНИ ҶАМЪОМАДИ ҶАҲОНИИ ТБМ ОИД БА ЭЪТИБОР БА COVID-19 ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ МУРОҶИАТ НАМУД

ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН БА ИШТИРОКДОРОНИ ҶАМЪОМАДИ ҶАҲОНИИ ТБМ ОИД БА ЭЪТИБОР БА COVID-19 ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ МУРОҶИАТ НАМУД

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи чоршанбе ба иштирокдорони Ҷамъомади виртуалии ҷаҳонии Ташкилоти байналхалқии меҳнат (ТБМ) оид ба эътибор ба COVID-19 дар соҳаи меҳнат муроҷиат намуд.

Чорабиниро, ки дар Женева баргузор гардид ва дар он сарони беш аз 80 давлат/ҳукумат ва созмонҳои байналхалқӣ, аз ҷумлаи СММ, Ташкилоти ҷаҳонии савдо, Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ, Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии асъор иштирок намуданд, Директори генералии Ташкилоти байналмилалии меҳнат Гай Райдер пеш бурд.
Дар байни иштирокдорон президентҳои Шветсария С.Сомаруга, Ирландия – М.Ҳиггинс, Ҷумҳурии Корея – Мун Ҷе Ин, Колумбия – Иван Дуке Маркез, канслери Олмон – А.Меркел, сарвазирони Испания – П.Санчез, Италия – Ҷ.Конте, Канада – Ҷ.Трюдо, Русия – М.Мишустин, Полша – М.Мораветский, Покистон – И.Хон ва дигарон ҳозир буданд. Онҳо дар Ҳамоиш маълумотро дар бораи чораҳои андешандаи мамлакатҳояшон дар бобати бартарафсозии оқибатҳои бади пандемия дар дараҷаҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналхалқӣ пешниҳод намуданд.
Бо таклифи роҳбари Ташкилоти байналхалқии меҳнат Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба иштирокдорони Ҷамъомади виртуалии ҷаҳонӣ муроҷиат ирсол намуд.
Дар паёми худ роҳбари давлат таъкид кард, ки аз аввали соли ҷорӣ масъалаи асосии ҷаҳонӣ вазъият бо пандемияи COVID-19 гардид. Мамлакат ва ё минтақае нест, ки дар худ бевосита ва ё бавосита оқибатҳои манфии паҳн гардидани инфексияи коронавирусро эҳсос накарда бошад.
Барои босамар бартарафсозии ин ва дигар таҳдидҳои ҷаҳонӣ пеш аз ҳама кӯшишҳоро бояд ҳамоҳанг намуд. Ва Ҷамъомади ҷаҳонии кунунии ТБМ барои чунин «қиёси соатҳо» заминаи хуб ба шумор меравад.
Дар шароити пандемия дар баробари таъмини суботнокии иқтисодиёт дастгирии иҷтимоии аҳолӣ аҳамияти муҳими ҳаётиро молик аст. Ин комилан ба вазифаи таъмини адолати иҷтимоӣ ҷавобгӯ аст, ки дар Декларатсияи садаи ТБМ зикр гаштааст.
Дар паём таъкид мешавад, ки ба қонунгузорӣ ва амалиёти миллӣ мос намудани конвенсияҳои ТБМ, аз он ҷумла ратификатсияи Конвенсияи 144-ум дар бораи машваратҳои сеҷониба ба инкишофи гуфтугӯи иҷтимоии сеҷониба дар Ӯзбекистон таҳрики қавӣ бахшид.
Бино бар принсипи «трипартизм плюс» дар ҷараёни таҳияи чораҳои зиддибуҳронӣ дар давраи пандемия тиҷорат, иттиҳодияҳои касбӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ва ҷамъият фаъолона иштирок доранд. Дар ин кафолати татбиқи муваффақиятноки барномаҳои зиддибуҳронӣ, ҳимояи манфиатҳои тамоми қишри аҳолӣ ғунҷонда шудааст.
Тавре ки таъкид гардид, пандемия чандин мушкилотро дар бобати инкишофи муносиботи босуботи байналхалқӣ ва вуҷуд надоштани нақшаи ҷаҳонии стратегии ҳаракат дар чунин вазъиятҳои фавқулодда фош намуд.
Бинобар ин роҳбари давлат ташаббусро дар бораи зери шафоати СММ қабул намудани Кодекси байналхалқии ӯҳдадориҳои ихтиёрии давлатҳо дар давраи пандемия пешкаш намуд.
Бинобар фикри Президенти Ӯзбекистон, дар кодекси мазкур шартҳо ва ӯҳдадориҳои давлатҳо чӣ дар назди шаҳрвандони худ ва чӣ дар назди шарикони байналхалқӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ, ҳимояи ҳуқуқ қатъан бояд ҷой карда шавад.
Якум, чораҳои маҳдудсозӣ бояд хусусияти муваққатӣ, ҳамзамон кафолатҳои ҳатмии риояи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандонро дошта бошанд.
Чунин чорабиниҳо бояд ҳамсанги таваккулҳо буда, ба тиҷорати байналхалқӣ, хусусан маҳсулоти муқаррароти тиббӣ мамониат нанамоянд ва ҳамчунин ба чорабиниҳои дастгирии қишри аз ҷиҳати иҷтимоӣ заифи аҳолӣ муносиб бошанд.
Дуюм, зуд паҳн гардидани пандемия ногузирии чорабиниҳои профилактикии низомнок, саривақтӣ ва босамар, аз он ҷумла барои он ки дар сурати зуҳур ёфтани он ба сарбории ба хидмати тандурустӣ роҳ надодан зарур мебошад.
Ин, пеш аз ҳама, чораҳои пешгӯӣ, дар марҳалаҳои аввал нигоҳ доштани паҳншавӣ, муқовимат бар зидди эпидемия ва коҳиши оқибатҳои он ба шумор меравад.
Сеюм, пандемия молики аҳамият будани таъмини бехатарии меҳнатро собит намуд. Ин бевосита ба кормандони низоми тандурустӣ низ дахл дорад, ки қаҳрамонии воқеӣ зоҳир намуда, дар қатори якуми мубориза бар зидди бемории нав қарор доштан

д.
Бояд таъкид кард, ки имрӯз муносибати байни Ӯзбекистон ва ТБМ муттасил ва бо динамика инкишоф меёбад.
«Харитаи роҳ» бомуваффақият татбиқ мегардад, ки дар поёни ташрифи Директори генералии ТБМ Гай Райдер ба Ӯзбекистон соли 2018 қабул гардида буд.
Ду сол қабл аз ин Конфедератсияи кордиҳандагони Ӯзбекистон ташкил гардида буд, ки бо дастгирии ҳайати ТБМ барои ҷойи кори муносиб ба вуҷуд овардан, таъмини назорати ҷамъиятӣ аз болои риояи меъёрҳои байналхалқии меҳнат мусоидат менамояд.
12 июни соли ҷорӣ дар видеоконфронси байни Раиси Сенат Танзила Норбоева бо роҳбари ТБМ Гай Райдер ташрифашро ӯ моҳи декабри соли 2018 ба Ӯзбекистон ва вохӯриаш бо Президент Шавкат Мирзиёевро бо гармӣ ёд намуд. Бинобар суханони ӯ, ҳамон ташриф барояш барои беҳтар донистани ислоҳот зери роҳбарии Президенти Ӯзбекистон имконоти хуб фароҳам овард. Зимни боздид аз Тошканд вай дар бораи мамлакат бисёр чизҳоро донист ва бевосита тамоми бозсозиҳоро бо чашми худ дид.
Ба пешрафте, ки ба шарофати бозсозиҳо ба даст омадаанд, баҳои баланд дод: «Бо муваффақияти мутаҳаййирсозандаи мамлакататон табрик менамоям». Ӯ таъкид намуд, ки ислоҳоти мамлакатро дастгирӣ менамояд ва омода аст дар оянда низ дар лоиҳаҳои муштараке, ки ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва татбиқи ҷараёнҳои доманфарохи бозсозӣ нигаронда шудаанд, иштирок намояд.
«Ташкилотҳои байналхалқӣ ва ҷомеаи ҷаҳон муваффақиятҳои бузурги Ӯзбекистонро дар соҳаҳои мухталиф эътироф менамоянд», – таъкид кард Директори генералии ТБМ.
«Аз он амиқ қаноатмандам, ки ба шарофати ҳамкории амалӣ бо ТБМ, Ӯзбекистон хуб пеш рафт ва дар татбиқи конвенсияҳои ташкилот ба тараққиёт даст ёфт. Ислоҳоти ҷории мамлакататонро дар масъалаи муносибати меҳнатӣ комилан дастгирӣ менамоем. Умедворем, ки Ӯзбекистон муттасил пайвастанро ба дигар конвенсияҳои барои мамлакат муҳим идома медиҳад»,– гуфт роҳбари ТБМ.
Гай Райдер хабар дод, ки ташкилот минбаъд низ барои инкишофи шарикии сеҷониба мусоидат хоҳад кард: «Ҳамоҳангсозии трипартизм дар Ӯзбекистон қадами муҳим ба шумор меравад».
«Шоистаи таҳсин аст, ки Президенти Ӯзбекистон ба масъалаҳои ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ эътибори комилан ҷиддӣ медиҳад», изҳор кард Гай Райдер.

АИ «Дунё».
ЖЕНЕВА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ