Дар як шабонарӯз дар Қазоқистон 1708 мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд

Дар як шабонарӯз дар Қазоқистон 1708 мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Дар як шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон 1708 мавриди гирифторӣ ба COVID-19 сабт гардид. Дар ин бора комиссияи мубориза бо коронавируси ин кишвар хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки 698 нафар нишонаҳои бемориро доранд, дар 1010 маврид беморӣ бенишона аст.
Дар ҳоли ҳозир шумори мубталоён ба коронавирус дар Қазоқистон ба 56 455 нафар расид. То рӯзи 6 июл 264 нафар қазоқистонӣ қурбони коронавирус шуданд. 31,8 ҳазор нафар шифо ёфтанд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ