“Рекорд”-и нави гирифторӣ ба коронавирус дар як шабонарӯз дар ҷаҳон

“Рекорд”-и нави гирифторӣ ба коронавирус дар як шабонарӯз дар ҷаҳон

  • Post category:Ҷаҳон


Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар як шабонарӯз дар саросари ҷаҳон 228 ҳазор мавриди гирифторӣ ба коронавирусро сабт кард, ки ин аз оғози паҳншавии коронавирус рекорди шабонарӯзӣ мебошад. Дар ин бора сойти расмии СҶТ рӯзи 10 июл хабар дод.
Қабл аз ин рӯзи 4 июл шумори рекордии гирифторӣ ба коронавирус дар як шабонарӯз сабт шуда буд – 211 ҳазор маврид мубталошавӣ дар ҷаҳон.
Бо ин ҳол, шумори кулли мубталошавӣ ба COVID-19 дар ҷаҳон имрӯз бештар аз 12 миллион нафар аст.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ