СММ: Дар 5 сол ҳарорати ҳаво 1,5 дараҷа баландтар аз ҳарорати кунунӣ мешавад


Созмони милали муттаҳид бо истинод ба Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ (СҶҲ) эълом кард, ки мутахассисон тӯли 5 сол дар ҷаҳон 1,5 дараҷа баландтар шудани ҳарорати ҳаворо пешгӯӣ карданд.
Ба гуфтаи мухтахассисони СҶҲ, 20 дарсад эҳтимол вуҷуд дорад, ки ҳарорати ҳаво дар ин 5 сол дар вақти дилхоҳ 1,5 дараҷа баланд шавад.
Петтери Таалас, саркотиби СҶҲ гуфт, ки Африқои Ҷанубӣ ва Австралияро, ки соли гузашта миллионҳо гектар ҷангалзораш дар сӯхтори маргбор талаф шуд, то 2024 хушксолии шадидтар мунтазир аст.
Ҳамчунин, дар Атлантикаи Шимолӣ ва Аврупо тӯфонҳои шадидтару бештар рух хоҳад дод.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ