Машқҳои омӯзишӣ – пойдевори такмили маҳорат

Машқҳои омӯзишӣ – пойдевори такмили маҳорат

Офатҳои табиӣ ва ҳодисаҳои нохуш, аз қабили заминҷунбӣ, обхезӣ, сӯхтор ва ғайра ногаҳон ба амал меояд. Бинобар ҳамин, мо барои бартараф ва пешгирӣ кардани ин гуна офатҳо ҳамеша тайёр бошем. Ҳоло ин гуна вазифаҳо ба зиммаи ходимони вазъиятҳои фавқулодда вогузор шудааст.
Бо ҳамин мақсад дар ноҳияи Самарқанд дар мавзӯи «Ҳаракати органҳои идоракунӣ, сохторҳои ҳудудӣ ва ибтидоии функсионали вазъиятҳои фавқулодда ҳангоми бартарафсозии оқибатҳои вазъиятҳои фавқулоддае, ки хусусияти тиббиӣ доранд» машқи хонишии штаби қӯмондонӣ гузаронида шуд.
Машқҳои хонишӣ аз се зина иборат буд ва се рӯз давом кард. Рӯзи аввали машғулот ба ҳолати омодабош овардани органҳои идоракунӣ ва сохтори давлатии вазъиятҳои фавқулоддаи ноҳия оғоз гардид. Ходимони хизмати алоқа ба сохторҳои дахлдор хабар расонданд. Дар маҷлисгоҳи ҳокимияти ноҳия аз рӯйи сигнали «ҷамъшавӣ» роҳбарони вазъиятҳои фавқулоддаи ноҳия ҷамъомад гузарониданд. Баъд дар майдони назди ҳокимият тайёрӣ ва асбобу техникаи хизматрасонии отрядҳои вазъиятҳои фавқулодда аз назар гузаронида шуд.
Машқҳои омӯзишӣ дар корхонаву ташкилот ва маҳаллаҳо баргузор гардиданд. Амалу рафтори онҳо ҳангоми наҷотдиҳии одамон аз талафоти бино, сӯхтор дар подстансия, ҳаракати роҳбар ва ходимони вазъиятҳои фавқулоддаи ноҳия дар ҳолати баамалоии сӯхтор дар Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Гулобод-­ёғоч» гузаронида шуданд.
Рӯзҳои дуввум ва саввуми тадбир чунин машқҳои омӯзишӣ дар обамбори Қоратеппа, ёрирасонии аввалини тиббӣ ҳангоми заҳролудшавии оммавӣ аз маҳсулотҳои хӯрокворӣ, дар ҳолати ба садама дучор шудани автобус дар шоҳроҳи Самарқанд – Қаршӣ, бартарафсозии садамаи қубури обгузарӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии бемории сӯхта ва ғайра идома ёфтанд.
– Ин гуна машқҳои омӯзишӣ дар ҳар панҷ сол як маротиба гузаронида мешаванд, – гуфт сардори шӯъбаи ташкили фаъолияти зинаҳои поинии сохтори давлатии Садорати вазъиятҳои фавқулоддаи вилоят Мансур Умрзоқов. – Дар соли 2020 дар чор ҷой гузаронидани чунин машғулотҳои омӯзишӣ ба нақша гирифта шудааст. Моҳи феврал дар ноҳияи Пастдарғам гузаронида шуд. Баъди ноҳияи Самарқанд боз дар ноҳияи Пахтачӣ низ чунин тадбир гузаронида мешавад.

Маъруф РАҲМОНҚУЛОВ,
ҷонишини сардори шӯъбаи вазъиятҳои фавқулоддаи ноҳияи Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ