Китобе, ки рӯи зону иншо шудааст

Мо чанд нафар донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 1956-1957 дар ҳавлие воқеъ дар шафати донишкада иҷора менишастем.
Соҳиби ҳавлӣ ҳар сол дар ду-­се ҳуҷраи танг донишҷӯёнро иҷора мемонд. Аз мо каме дуртар шахси миёнсоле, ки умраш аз 60 гузашта буд, дар хоначаи андаке васеътар ва барҳавотар иҷоранишин буд. Мо аз қиёфааш гумон мекардем, ки қирғиз ва ё қазоқ аст. Аксар вақт ба он шахс салом дода мегузаштем, аммо ҳамсӯҳбат набудем. Гоҳо мушоҳида мекардем, ки он кас як даста коғазҳоро зери бағал ниҳода, берун мерафт ва пас аз чанд соат бармегашт. Чароғи хонааш то бевақтии шаб фурӯзон буд ва мо аз паси тиреза мушоҳида мекардем, ки саргарми мутолиа ва навиштан мебошад.
Рӯзе тасодуфе рух дод ва мо бо он шахс чанд дақиқа сӯҳбат оростем, байнамон саволу ҷавоб ба вуқӯъ пайваст ва мо кунҷковона кӣ ва чикора буданашро пурсидем. Ӯ дар ҷавоб лабханде зада гуфт:
– Шумо, писарҳо, дар факултаи забону адабиёт таҳсил мекардаед, оё ягон бор аз забони муаллимҳоятон номи Зеҳнӣ гуфтани одамро шунидед ё не?
Чун аз мо ҷавоби рад шунид, суханашро идома дод:
– Ба шумо Холиқ Мирзозода дарс медодаанд, аз он кас пурсед, ки Зеҳнӣ ном шахс­ро мешиносанд ё не. Боз пурсед, ки ӯ кист ва чӣ кора аст.
Мо пас аз ду-­се рӯз дарак ёфтем, ки номи ҳамсӯҳбат ва ҳамсояи мо Тӯрақул Зеҳнӣ ва забоншиносу адабиётшиноси маъруф буда, солҳои зиёд дар паҳлӯи устод Айнӣ фаъолият кардаанд.
Ҳайрати мо боз аз он меафзуд, ки чунин як шахси мӯътабар мисли мо иҷоранишин буданд. Дар аснои сӯҳбатҳое, ки бо ҳам доштем, фаҳмидем, ки устод Зеҳнӣ низ ба офатҳои даҳшатбори солҳои 1930-37 гирифтор шуда, чанд соли умри худро дар зиндон гузаронидаанд.
Баъди ба озодӣ баромадан соли 1956 ба Душанбе омада, корманди илмии иниститути забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи Улуми Тоҷикистон мегарданд. Зеро ба қавли худашон ҳаёташонро бидуни забону адабиёти тоҷик ва корҳои илмӣ-­тадқиқотӣ тасаввур карда наметавонистаанд.
Соли аввали ба Душанбе омадан муддате дар ҳавлии профессор Холиқ Мирзозода зиндагӣ мекунанд. Рӯзе тасодуфан дар кӯча ҳамшаҳрии худро дучор меоянд ва ӯ пас аз воқиф гардидан аз ҳоли Зеҳнӣ иброз медорад, ки як хонаи холӣ дорад ва он кас метавонанд дар он зиндагӣ намоянд. Зеҳнӣ аз саховати ҳамшаҳриашон шод мегарданд ва ба ҳавлии ӯ мекӯчанд. Аммо як моҳ пур нашуда, соҳиби ҳавлӣ аз Зеҳнӣ иҷорапулӣ талаб мекунад. Он кас аз омадани худ ба он ҳавлӣ сахт пушаймон шуда бошанд ҳам, аммо ба ҷои дигар нарафта, дар он ҷо зиндагӣ кардан мегиранд ва ҳамин тариқ ҳамсояи мо донишҷӯён мегарданд.
Зиндагии Зеҳнӣ хеле одиву хоксорона буд. Тамоми бисоташон иборат аз чанд кӯрпае буд, ки дар гӯшае болои ҳам чида шуда, дар паҳлӯяш як дегчаву табақу чойнику пиёла меистод. Болои сандуқчае чанд ҷилд китобҳои қадимӣ мехобиданд.
Баъзан то нисфи шаб чароғи хонаи Зеҳнӣ хомӯш намешуд. Мо мушоҳида мекардем, ки устод он китобҳоро пайваста мутолиа намуда, вақти зиёд ба навиштан саргарм мешуданд. Азбаски мизу курсӣ надоштанд, болои кӯрпача нишаста, пушт ба девор такя зада, варақҳоро рӯи зону гузошта, бо сари хам соатҳои дароз навиштанро давом медоданд.
Рӯзе мо аз он кас пурсидем, ки рӯзону шабон ин қадар чӣ менависанд.
Устод дар ҷавоб гуфтанд, ки як кори бисёр муҳимро ба ӯҳда гирифтаанд. Мехоҳанд, ки дар бораи санъати назми ҳазорсолаи тоҷик ва вазни арӯз, ки таърихи хеле бой дорад, китобе таълиф намоянд. Воқеан, мо шоҳиди он будем, ки Зеҳнӣ ҳастии худро ба эҷоди ин китоб бахшида будаанд. Дар ҳар куҷо, ки рост меомад, хоҳ дар хона, хоҳ дар чойхонаву боғу хиёбонҳо даст аз навиштан барнамедоштанд.
Агар барои ҳавохӯрӣ ва сайру гашт мебаромаданд, ҳатман навиштаҳояшонро бо худ мегирифтанд ва дар ягон ҷои муносибу дилхоҳ нишаста, машғули кор мешуданд.
Рӯзе тасодуфан устодро дар боғи шаҳрӣ дидем, ки назди фавворае, зери дарахти чиноре рӯи харак нишаста, варақҳоро рӯи зону гузошта, машғули навиштан буданд.
Устод нақл мекарданд, ки навиштаҳояшонро пеш-­пеш Носирҷон Маъсумӣ, Раҳим Ҳошим, Муҳаммадҷон Шакурӣ мутолиа намуда, фикру мулоҳизаҳояшонро баён медош­танд ва он кас бо ҳафсалаи тамом эродҳоро ислоҳ менамуданд.
Чун таътили тобистона фаро расид, мо мехостем,

ки мизу курсиҳоямонро ба устод Зеҳнӣ тақдим намуда, сипас ба зодгоҳ баргардем. Устод қабул накарданд ва гуфтанд, ки:
– Ин кор метавонад боиси ранҷиши соҳиби хона гардад. Вай бисёр ҳарису нокас аст. Хасеро ба касе додан намехоҳад. Аммо ду чашмаш ба моли дигарон аст. Дар хона як табақи чинии қадимӣ доштам, бо зӯрӣ гирифта рафт. Ҳарчанд хоҳиш кардам, надод. Гӯё ин шахс аз Қори Ишканбаи устод Айнӣ фотиҳа гирифтааст.
Ба ҳар ҳол, мо мизу курсиҳоямонро ба ихтиёри устод Зеҳнӣ гузошта рафтем.
Вақте ки аз таътил баргаштем, рӯзе устод Зеҳниро дар назди боғи шаҳрӣ дидем, ки дасти росташон докапеч ва ба гарданашон ҳамоил буд. Ҳол пурсидем, оҳи сарде кашида, гуфтанд.
– Мизу курсии додаатон, писарҳо, ба сарам бало шуд.
Мо рӯи харак нишастем, то аз забони устод воқеаи рух додаро шунавем. Зеҳнӣ бо алами зиёд нақл карданд, ки соҳиби хона мизу курсиро хостааст, ки бо зӯри аз он кас пасгирад. Зеҳнӣ муқовимат нишон дода, аз хона ӯро берун кардан хостаанд.
Соҳиби хона ба ғазаб омада, дасти Зеҳниро бо тамоми қувват ба пушт тоб дода, он касро ба замин меафтонад. Дарди ҷонкоҳи даст Зеҳниро водор месозад, ки ба духтур муроҷиат намоянд. Ташхиси тиббӣ нишон медиҳад, ки дасти устод шикастааст. Ва ду моҳи тамом аст, ки дасти маҷрӯҳи Зеҳнӣ бар гарданашон овезон аст.
Китоби бо азобу машаққат дар сари зону иншо шудаи устод оқибат соли 1963 бо номи «Санъати сухан» ба табъ мерасад. Сипас, бо такмилу тасҳеҳи муаллиф солҳои 1970 ва 1979 такроран нашр мешавад ва дастраси донишҷӯён ва устодону муҳаққиқон мегардад.
Воқеан, ин асари нодир на танҳо дастоварди эҷодии муаллиф, балки чун комёбии илми адабиётшиносии тоҷик эътироф гардид. Дар асар санъатҳои бадеӣ, лафзӣ, маънавӣ ва вазни арӯз, ки бо назми ҳазорсолаи мо омезиши табиӣ, илмӣ ва мантиқӣ дорад, мавриди таҳқиқи амиқ қарор гирифтаанд.

Устод бар хилофи баъзе донишмандон, ки даъво доранд гӯё тамоми вазнҳои шеъри форсии тоҷикӣ аз назми араб сарчашма мегиранд, амалан собит намудаанд, ки баъзе вазнҳои хоси шеъри форсии тоҷики пеш аз пайдоиши арӯзи араб низ дар шаклҳои гуногун арзи ҳастӣ кардаанд. Шоирон ва донишмандони форсу тоҷик аркони авзони арӯзро на дар шакли арӯзи арабӣ, балки бар асоси қонун ва хусусиятҳои овозӣ ва савтиёти забони дарӣ-­тоҷикӣ бунёд кардаанд. Баробари такмил ва рушди назми классикӣ арӯз низ марҳилаҳои таҳаввулу такомулро паймуда, мақоми пойдору устувор пайдо кардаанд. Арӯз махсусан дар назми оламшумули даврони Сомониён ва асрҳои минбаъда равнақи беандоза пайдо мекунад. Беҳуда нест, ки вазни рубоиро ихтирои устод Рӯдакӣ ҳисобидаанд.
Ба маврид аст зикр намоем, ки Зеҳнӣ фаъолияти меҳнатии худро чун омӯзгори мактабҳои ибтидоӣ ва миёна оғоз намуда, яке аз аввалин муаллифони китобҳои дарсӣ маҳсуб меёбанд. Аммо ба арсаи адабиёт чун шоир ворид гардида, «Зеҳнӣ»-ро бо худ тахаллус интихоб менамоянд, ки маънояш ақли солим, идрок ва фаҳму ҳуш мебошад. Аввалин шеърҳои Зеҳнӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳои « Шӯълаи инқилоб», « Роҳбари дониш», « Овози тоҷик», « Дониш-­биниш» ба табъ расидаанд.
Яке аз хизматҳои шоёни устод Зеҳнӣ ҳамкорӣ бо устод Айнӣ дар таълифи асари машҳури « Намунаи адабиёти тоҷик» мебошад, ки соли 1926 мунташир шудааст. Дар ин бора худи устод Айнӣ навиштаанд: «Зеҳнӣ шабу рӯз дар ҳузури ман аст, дар бораи ҷамъу тартиби « Намуна» монанди дасти ростам ба ман ёрмандӣ кардааст».
Устод Зеҳнӣ солҳои зиёди ҳаёташонро ҳамроҳи дигар донишмандони маъруф ба таълифи « Фарҳанги забони тоҷикӣ» бахшидаанд, ки он яке аз нодиртарин фарҳангҳо эътироф гардидааст. Замоне оид ба мавқеъ ва истифодаи вожаҳои нодири адабиёти классикӣ миёни устод Зеҳнӣ ва шоири кӯҳансол Суҳайлӣ Ҷавҳаризода баҳси домангире сурат гирифта буд. Ҷолиб он аст, ки онҳо андешаҳои худро на бо забони илм, балки бо назм баён медоштанд. Баъзе дӯстон бо ҳазлу шӯхӣ мегуфтанд, ки Зеҳниву Суҳайлӣ чун ду хурӯси ҷангии пир ба майдони баҳс даромадаанд ва баҳси онҳо ғолибу мағлуб нахоҳад дошт. Устод Зеҳнӣ дар тӯли умри пурбаракати худ, ки 90 солро дарбар мегирад, оид ба масоили таърихи адабиёти классикӣ, муосир ва забоншиносию фолклор беш аз 200 мақолаи илмӣ таълиф кардаанд.
Устод Зеҳнӣ чун яке аз чеҳраҳои намоёни илму фарҳанги тоҷик дар садаи бист бо

қӣ хоҳанд монд.

Аз китоби «Бар фарози қуллаҳо»
таҳияи Раҳимшоҳ ШАРИФЗОДА,
вилояти Ҷиззах

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ