Раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: Вазъият бадтар мешавад

Раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: Вазъият бадтар мешавад

  • Post category:Ҷаҳон


Тедрос Гебреисус, раиси Созмони ҷаҳони тандурустӣ гуфт, ки вазъияти марбут ба пандемияи коронавирус дар ҷаҳон бадтар мегардад ва аксари кишварҳо ҳанӯз вазъиятро таҳти назорат надаровардаанд.
Рӯзномаи «The Guardian» бо истинод ба Гебреисус навишт, ки вазъият рӯз ба рӯз бадтар мегардад. То ҳол СҶТ дар саросари ҷаҳон гирифтории беш аз 12 миллион нафарро сабт кардааст. Беш аз 544 нафар қурбон шуданд. Суръати паҳншавии пандемия тезтар мешавад.
Гуфта мешавад, ки дар якуним моҳи гузашта шумори мубталоён 2 баробар афзоиш ёфтааст.
Гебреисус таъкид кард, ки коронавирус соҳаи тандурустии бархе аз кишварҳои сарватмандтарини ҷаҳонро низ дучори мушкилот кард. Баръакс, дар кишварҳое, ки иқдоми самарбахш амалӣ мегардад, камбудии маблағ мушоҳида мегардад.
Манбаъ: ӮзА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ