Завқи ҳаёти аҳлона

Маҳаллаи Янги қӯрғон соли 1996 дар мавзеи Сартеппаи шаҳри Самарқанд ташкил шудааст. Ҷамъомади шаҳрвандони мо бо маҳаллаи Бӯзии ноҳияи Самарқанд ва маҳаллаҳои Навбоғчиён, Бӯстон, Юқори Хоҷасоат, Сартеппа ва Гулистон ҳамсарҳад мебошад. Дар ҳудуди маҳалла бар замми ҳавлиҳо боз 6 бинои панҷқабата ва 1 бинои ҳафтқабата мавҷуд аст. Дар маҳалла ҷамъ 3652 нафар аҳолӣ зиндагонӣ мекунанд. Дар байни сокинони маҳалла ҷонишини ҳокими ноҳия, шифокорон, муаллимон, тадбиркорон, ҳунармандон ва коргарони оддӣ ҳам ҳастанд.
Аҳолии маҳалла намояндагони ёздаҳ миллат мебошанд. Ҳарчанд қисми асосии мардуми маҳалла ӯзбекҳо, тоҷикҳо, арабҳо, эрониҳоро ташкил намоянд, ки бо вакилони миллатҳои рус, тотор, арман, озарбойҷон, корейс ва ғайра паҳлӯ ба паҳлӯ умр ба сар мебаранд. Дар байни аҳолӣ намояндагони миллатҳои қазоқ, яҳудӣ, украин, белорус низ ҳастанд. Сабабҳои муқимӣ шудани миллатҳо ҳар хеланд. Масалан, дар давраи Иттифоқи Шӯравӣ ҷавонписарони мо хизмати ҳарбии худро дар ҷумҳуриятҳои гуногун гузаронида, аз ҳамон ҷо духтарони дӯстдоштаашонро ба Самарқанд овардаанд. Ҳоло он ҷавонҳое, ки бо духтаракони украину белорус ва ғайра хонадор шудаанд, соҳиби набераву абераҳои зиёд гаштаанд. Барои мисол, аз Белорусия Людмила Котова ба Самарқанд келин шуда омадааст. Вай солҳои дароз дар мактаб ба фарзандони мо аз забони русӣ дарс дод. Ҳатто ба гирифтани унвони Аълочии таълими халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон мушарраф гардид. Ҳоло Людмила Котова нафақахӯр аст. Донишу маданияти баланд дорад ва бо ҳама дилёбиву дидадароӣ мекунад.
Тамара, ки ба миллати тотор мансуб аст, аз Украина бо роҳхати донишкада ба Самарқанди мо ҳамчун метеоролог ба кор омадааст. Вай бо ҷавони эронӣ хонадор шуда, ба фамилияи шавҳараш гузаштааст. Имрӯзҳо Тамара Василевна Шарифова дар корҳои маданиву маърифӣ ва ободонии маҳалла фаъол иштирок менамояд.
Худи ман аз моҳи июни соли 2016 дар ин соҳа кор мекунам. Кор бо аҳолии маҳалла ба ман завқ мебахшад. Кӯчаи Гунбаз, ки ман зиндагонӣ мекунам, аз кӯчаҳои калони маҳалла аст. Дар ин кӯча қариб 200 ҳавливу ҷой мавҷуд мебошад. Аз номи маҳалла – Янги қӯрғон маълум аст, ки дар ин ҷо хонаву ҷойҳои нав бунёд мегарданд. Дар се ҳавлии навбунёди девордор ва боз дар се хонадони бунёдшаванда 18 оила зиндагонӣ мекунанд. Ҳама аҳлу тифоқанд, рӯзҳои ғаму шодиро бо ҳам мебинанд, некиашонро дареғ надошта, ба якдигар ғамхорӣ зоҳир мекунанд. Зеро, дӯстиву бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва аҳлу тифоқӣ ба ҳаёти одам мазмуни нав мебахшад.

Гулчеҳра МАҲМУДОВА,
ҷонишини раис оид ба оила, занону духтарон ва масъалаҳои иҷтимоӣ-­маънавии ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаи Янги қӯрғони шаҳри Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ