Коронавирус: Эрон дар 24 соат 142 нафар қурбон дод


Симо Содот Лорӣ, котиби матбуотии вазорати тандурустии Эрон дирӯз гуфт, ки дар 24 соати гузашта 142 нафар эронӣ қурбони коронавирус шуданд.
Дар ин бора хабаргузории IRNA гузориш дод.
Ба гуфтаи Симо Содот Лорӣ, шумори кулли қурбониёни коронавирус дар Эрон ба 12 447 нафар расидааст. Дар зимн, дар Эрон тӯли як шабонарӯз 2262 мавриди мубталошавӣ ба коронавирус сабт шудааст ва 1455 нафари онҳо дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд.
То ба ҳол 252 720 нафар эронӣ мубталои коронавирус шуданд ва ҳудуди 215 015 нафари онҳо комилан шифо ёфтанд.
Симо Лорӣ таъкид кард, ки вазъияти саломатии тақрибан 3 319 нафар хеле вазнин аст.
Манбаъ: Эрон

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ