Иллате, ки хатари марг аз коронавирусро меафзояд

Иллате, ки хатари марг аз коронавирусро меафзояд

  • Post category:Саломатӣ


Миқдори зиёди қанд дар хун хатари марг бар асари коронавирусро дар ҳолатҳои бемории вазнин ду баробар бештар мекунад. Ин хулосаи пажӯҳиши олимони Чин аст, ки рӯзи 11 июл дар маҷаллаи Diabetologia чоп шуд.
Бино ба додаҳо, олимон таърихи бемории беш аз 600 сокини шаҳри Уханро, ки аз 24 январ то 10 феврали соли ҷорӣ дар бемористон буданд, таҳқиқу таҳлил карданд.
Пажӯҳишҳо нишон доданд, ки омори (статистика) марг аз COVID-19 дар миёни бемороне, ки миқдори глюкоза дар хунашон зиёд аст, дар муқоиса бо дигар беморон 2,3 баробар бештар аст.
Дар мақолаи пажӯҳиш гуфта мешавад, “Дар чунин маврид метавон гуфт, ки ҳамаи ин беморон худноогоҳ аз диабет ранҷ мекашиданд. Дар ҳоле, ки ҳамагӣ 12 дарсади мардуми Чин бемории диабет доранд, дар миёни беморон омори онҳо ба 29 дарсад наздик буд”.
Ҳамчунин, мутахассисон таъкид мекунанд, ки миқдори зиёди қанд дар хун боиси ташаккули лахтаҳои хун ва илтиҳоб (воспаление) мешавад ва фаъолияти рагҳои хунро бад мекунад.
Ёдовар мешавем, ки шумори қурбониёни коронавирус дар Чин 4 634 нафар мебошад ва ин шумор муддати беш аз якуним моҳ тағйир намеёбад.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ