НОРАСОИИ КАДРҲОРО ДАР МИНТАҚАҲОИ ДУРДАСТ ЧӢ ГУНА ҲАЛ КАРДАН МУМКИН?

НОРАСОИИ КАДРҲОРО ДАР МИНТАҚАҲОИ ДУРДАСТ ЧӢ ГУНА ҲАЛ КАРДАН МУМКИН?

  • Post category:Фарҳанг

Рӯзҳои охир ҷараёни қабул ба муассисаҳои таълими олӣ яке аз мавзӯъҳои асосӣ гардид. Чӣ гуна ба тариқи бархат (онлайн) ҳуҷҷат супоридан лозим? 5 самт бо кадом тартиб интихоб карда мешавад? Барои интихоби таълими ғоибона ва шабона ба чӣ эътибор дода мешавад? Саволҳои тест дар кадом андоза сода гардонда шуданд? Ин гуна саволҳо мавриди муҳокима мебошанд.
Ба хотир оварем, чор-панҷ сол пеш довталабон ва волидайни онҳо ба ин саволҳо наздик ҳам намешуданд, мавзӯъҳое мисли варианти х-ро аз куҷо дарёфт кардан мумкин, киро «танка» интихоб кардан лозим, барои дохил намудан ба кадом муассисаи таълимӣ маблағ кифоя аст, дар куҷо бештар на ба маблағи довталаб, ба дониши ӯ эътибор дода мешавад, ба тренд мебаромад. Фарқи байни мавзӯъҳои муҳокимашаванда вусъат ва самаранокии тағйиротҳоеро, ки дар ин соҳа амалӣ гардидаанд, намоён месозад.
Вақте дар бораи дигаргуниҳо сухан мегӯем, зиёд шудани миқдори квотаи қабулро алоҳида эътироф бояд кард. Масалан, муассисаҳои таълими олӣ дар соли 2016 57 907 нафар донишҷӯ қабул карда бошанд, соли ҷорӣ 139 950 нафар ба сафи донишҷӯён қабул карда мешаванд. Чунонки мебинем, дар давоми панҷ соли гузашта миқдори квота 2,5 баробар зиёд карда шуд.
Акнун худ аз худ чанд савол пайдо мешавад: Ин нишондод барои соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳудудҳо ба миқдори кифоя аст? Ба воситаи зиёд кардани квотаи қабул эҳтиёҷи ба мутахассисон доштаи ҳудудҳои дурдастро то чӣ андоза қонеъ карда метавонем? Миқдори квота бинобар талаб ба кадрҳои соҳавӣ, ки байни якчанд вазорат дар ҳамкорӣ ташкил карда мешаванд, имрӯз чӣ қадар қобили қабуланд? Биёед, кӯшиш мекунем, ки ба ин савол дар мисоли ду деҳаи як ноҳия ҷавоб пайдо кунем.
Дар деҳаҳои Помуқ ва Чандир, ки аз масканҳои сераҳолии ноҳияи Миришкори вилояти Қашқадарё ба шумор мераванд, қариб 40 ҳазор нафар истиқомат мекунанд. Дар ҳудуди мазкур шифохонаи Помуқ ва шифохонаи ҳудудии деҳоти Чандир, 10 мактаби миёнаи таълими умумӣ фаъолият мекунад. Аммо дар натиҷаи норасоии мутахассисони дорои маълумоти олӣ   қисми асосии кормандони ин муассисаҳои тиббӣ ва таълимгоҳҳоро мутахассисони дорои маълумоти миёнаи махсус ва кадрҳои муваққатӣ аз маҳалҳои дур ташкил медиҳанд.
Дар соҳаи тиб дар ин ду муассиса бинобар воҳиди штат фаъолият кардани 43 нафар шифокори дорои маълумоти олӣ талаб карда мешавад. Айни замон дар онҳо 19 нафар мутахассис фаъолият доранд. 8 нафари онҳо шифокори нафақахӯр бошанд, 6 нафари дигар аз ҷойҳои дигар омада кор мекунанд.
Дар 10 мактаби таълими умумӣ, хусусан, ба омӯзгорони таълими ибтидоӣ, забон ва адабиёт, забони русӣ, забони хориҷӣ, физика, кимиё, биология, психология, математика, информатика, таърих эҳтиёҷ зиёд аст. Аз ин рӯ, дар натиҷаи дар мактабҳо нарасидани мутахассисони бомалака соатҳои вакансия (ҷойи холӣ) нигоҳ дошта мешавад. Дарсҳои асосиро ҳамзамон ба кадрҳое, ки аз ҳудудҳои дигар омада кор мекунанд, додан рост меояд. Танҳо ба мактабҳои деҳаи Помуқ –  мактаби рақами 22 10 нафар, мактаби рақами 23 4 нафар, мактаби рақами 24 17 нафар, мактаби рақами 25 8 нафар, мактаби рақами 37 11 нафар – ҳамагӣ 50 нафар муаллим водор мегарданд аз дур омада кор кунанд,  36 нафар омӯзгорони дигарро нафақахӯрон ташкил медиҳанд. 
Ба туфайли ҳолати мазкур аҳолии ин деҳаҳо аз таълими сифатнок, ҳатто, аз хидмати малаканоки тиббӣ истифода бурда наметавонанд. Афсӯс, ки ин гуна рақамҳо ва вазъият на танҳо ба ҳудуди мазкур дахл дорад. Аҳолии ҳудудҳои дурдасти дилхоҳи мамлакати моро ҳамин масъала азоб медиҳад.
Барои дуру дароз давом кардани ин боз як сабаб ҳаст. Яъне ҷавонони ҳудудҳои дурдасте, ки таълими сифатнок гирифта натавонистаанд, дар ҷараёни дохилшавӣ ба мактаби олӣ дар рақобат бо довталабоне, ки дар марказ зиндагӣ карда, таълими сифатнок гирифтаанд, мағлуб мешаванд. Донишҷӯёне, ки дар марказ инҳоро паси сар карда, ба сафи донишҷӯён ворид шудаанд ё дар ҳудуде, ки ҷойҳои холии омӯзгорон мавҷуд нест, ба деҳаҳои дурдаст омада кор карданро намехоҳанд. Дар натиҷа ҳар қадар квота зиёд шавад ҳам, эҳтиёҷи ҳудудҳои дурдастро ба нафарони дорои маълумоти олӣ ба ин наздикиҳо қонеъ гардонда наметавонем. Донишомӯзони мактабе, ки фа

нни кимиёро ҳам барояшон муаллими физика мегузарад, ба шарикони аз онҳо таълими сифатноктар гирифта мағлуб мешаванд.
Дуруст аст, ки ба наздикӣ пешниҳоди ба ҳудудҳои дурдаст бо шарти се сол фаъолият нишон додан равон кардани хатмкунандагоне, ки дар асоси гранти давлатӣ мехонанд, бардошта шуд. Ба фикри ман, бо ин роҳ айни замон мушкилро бартараф карда наметавонем. Зеро ҷорӣ гардидани ин низом мумкин аст, ки дар муассисаҳои таълимӣ дар ҷараёни тақсимот ҳолатҳои ришвахориро  (касеро аз рӯихат афтондан, касеро ба ҳудудҳои наздик фиристодан) ба вуҷуд оварад. Дар баробари ин, дар боло оиди эҳтиёҷи асосӣ вакансияҳои муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ сухан меравад. Маълум аст, ки аксарияти хатмкунандагони муассисаҳои таълими олии ин равия духтарон мебошанд. Барои ба ҳудудҳои дурдасти ҷумҳурӣ фиристодани духтарони худ розигӣ додани аксари падару модарон масъалаи хеле душвор аст. 
Бо назардошти амалиёт чунин гуфтан мумкин аст, ки таҷрибаи аз ҳисоби мутахассисоне, ки аз ҳудудҳои дигар меоянд, эҳтиёҷи кадрҳои самтҳои тиб ва педагогикаи ҳудуди Помуқ ва Чандирро қонеъ гардондан мувофиқи мақсад нест. Мутахассисе, ки душвориҳои мавҷударо пеш оварда, як ё ду сол кор кардааст, ба ҳудуди ба худ муносиб меравад.  Пас маълум мешавад, ки зиёд кардани квотаи қабул ё ба ҳудудҳои дурдаст фиристодани хатмкунандагон роҳи ҳалли масъала нест.
Норасоии кадрҳоро дар ҳудудҳои дурдасте мисли деҳаҳои Помуқ ва Чандир чӣ гуна ҳал кардан мумкин аст? Дар ҷараёни вохӯрӣ бо аҳолӣ худи интихобкунандагони мо ба ин ҷавоб доданд. Яъне, ба кадрҳои дорои маълумоти миёнаи махсус, ки бисёр солҳо боз дар мактабҳо ва шифохонаҳо кор мекунанд ва мехоҳанд, ки барои деҳаи худ хидмат кунанд ва ба хатмкунандагони мактаб аз ҷониби вазоратҳои дахлдор квотаи мақсаднок ҷудо карда шавад, олам гулистон. Дар чунин ҳолат хоҳишмандон хоҳ рӯзона, хоҳ ғоибона ё шабона хонда, барои деҳаи худ ба кадри бомалака табдил меёфтанд. Дуруст аст, ки айни замон барои қабули мақсаднок квота ҷудо карда мешавад. Аммо гуфта наметавонем, ки ин кифоя, ё эҳтиёҷи мавҷударо пурра қонеъ мекунад. Барои мисол, барои ноҳияи Миришкор дар соли ҷорӣ дар самти ҳифзи тандурустӣ 9-то, дар соҳаи педагогика 23-то квотаи мақсаднок ҷудо карда шудааст. Ба ноҳияе, ки мисли деҳаҳои Помуқ ва Чандир беш аз 10 деҳа дорад, квотаи ҷудошуда эҳтиёҷи як деҳаро ҳам қонеъ карда наметавонад.
Дар ин ҷо тарафи дуюми масъала низ ҳаст. Яъне ба аҳолии ҳудудҳои дурдасте, ки иқтидор доранд, аммо ба сабаби паст будани сифати таълим дониши кофӣ гирифта натавонистаанд, лозим аст, ки ташкилотҳои мутасаддӣ курсҳои тайёркунии ройгонро ҷорӣ намоянд. Ин аз як тараф, барои вақти холии худро ба омӯзиши илм сарф кардани ҷавонон оварда расонад, аз ҷониби дигар, барои муассисаи таълими олӣ пойгоҳи кофиро молик мешавад. Боз як афзалияти ин курсҳо, ки дар худи ҳамон ҳудудҳо ташкил карда мешаванд, барои ҷавононе, ки ба сабаби имконияти молиявӣ ё омилҳои дигар ба репетитори марказӣ ширкат карда наметавонанд, низ имконият фароҳам меорад.
Албатта, хоҳиши дар як ё ду сол бартарафсозии мушкилоте, ки дар давоми солҳо ҷамъ шудаанд, низ бемаврид аст. Аммо мутасаддиёни дахлдор ба рақамҳое, мисли квотаи қабулро ин қадар зиёд кардем, имсол ба ин қадар хатмкунанда диплом дода шуд, ғарра нагардида, чораҳои бо мутахассисони дорои маълумоти олӣ таъмин кардани ҳудудҳои дурдастро ҳам бояд дида бароянд. Зеро ҳар як шаҳрванди Ӯзбекистон, қатъи назар аз он ки дар куҷо зиндагӣ мекунад, барои гирифтани таълими сифатнок ва хидмати тиббӣ ҳақ дорад.
Ба воситаи зиёд кардани квотаи қабули мақсаднок мо танҳо хатмкунандагонро не, балки эҳтиёҷи миллионҳо нафар аҳолиро ба хидмати кадрҳои бомалака низ қонеъ месозем ва дар натиҷа барои аз ҳаёти худ, аз имрӯз розӣ шуда зиндагӣ кардани онҳо ҳисса мегузорем.

Махфират ХУШВАҚТОВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, узви фраксияи ҲСД «Адолат».
(ӮзА).

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ