Кӯтоҳтарин ҳикояҳои ҷаҳон

Масъулият
– Акнун хоб рав, писарам, – гуфт модар ва чароғро хомӯш кард.
– Оча! Илтимос, хомӯш накунед! Аз торикӣ сахт метарсам! – гуфт бачаи нобино.
Афсӯс
Шофёр сигор даргиронд ва барои аниқ кардани миқдори сӯзишворӣ ба баки бензин хам шуд.
Марҳум ҳамагӣ 23 сол дошту халос.
Эълон
Дар рӯйи оинаи шикаста навишта шуда буд: «навхонадорон».
Тарҷимаи ҳол
Пештар рӯям суфта ва либосҳоям ғиҷим буд. Ҳозир… баръакс.
Умед
«…Мо дигар ҳеҷ вақт дидор намебинем! Дигар ҳеҷ гоҳ вонамехӯрем! Дигар ҳеҷ гоҳ чашм ба чашм намеафтем. То дидор…»
Танҳоӣ
Охирин одами ҷаҳон дар хона танҳо менишаст. Дар тақ-­тақ шуд…
Хобгоҳ
Аз хобгоҳамон овози ду нафар ба гӯш мерасид. Ман дарро кӯфтам…
Гунаҳгор
Ӯ гунаҳгори ҳақиқӣ буд. Чунки аз яксаду бисту чор ҳазор навкар танҳо вай аз ҷанг сиҳату саломат ба ватан баргашт.

Тарҷимаи ФАРИДУН.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ