Олами беғубори кӯдакон

Олами беғубори кӯдакон

  • Post category:Фарҳанг

Дар дунё аз ҳама неъмати бузурги Офаридгор фарзанд мебошад. Аз рӯзи ба дунё омадани кӯдак мо бо ҳазору як умеду орзу ба ӯ ном мегузорем. Алла мехонем, афсонаҳо мегӯем, ки дар оянда одами хуб шавад. Бо гузашти солҳо онҳо ба воя мерасанд. Мувофиқи синну соли худ амал мекунанд. Албатта, ҳамаи он гуфтору рафторҳое, ки аз тарафи кӯдакон содир мешавад, ҳеҷ касро беэътибор намегузорад.
Дигаргунсозӣ
Модараш ба Фаршед шеърҳои бачагонаро аз ёд кунонид. Лекин ба Фаршед баъзе калимаҳои шеър маъқул набуд. Аз ин рӯ, ӯ дар вақти такроран гуфтан он калимаҳоро дигаргун карда мехонд:
Зоғи ало қар – қар,
Чи мехӯрӣ ҳалбои «аққол».

Навгонӣ
Фаршед ба гурӯҳи русии кӯдакистон мерафт. Аз он ҷо ба забони русӣ гуфтани ному насабашро омӯхта буд. Меҳмонон ё калонҳои оила аз ӯ ному насабашро пурсанд, ӯ дар ҷавоб мегуфт:
– Меня зовут Фурқатов Фаршед Неъматович.
Рӯзе падараш ӯро сарзаниш кард. Вай ба назди бибиаш омада пурсид:
– Бибиҷон, ба ҷойи номи падарам номи очаамро монда, «Ман Фурқатов Фаршед Мадинаевич гӯям намешавад?»
Ман ба шумо шоколад медиҳам
Фаршед ба гурӯҳи русии кӯдакистон рафтан намехост. Ҳар рӯз вақти рафтан гиряву хархаша мебардошт.
Бибиаш барои ором кардани ӯ ҳар рӯз шоколаду шириниҳо медод. Рӯзе Фаршед аз кӯдакистон омада гуфт:
– Ман пагоҳ ба боғча намеравам.
Бибиаш:
– Пагоҳ вақти боғчаравиат боз ба ту шоколад медиҳам, – гӯён набераашро дӯстдорӣ кард.
Фаршед бошад, худро аз оғӯши бибиаш раҳонида гуфт:
– Ман ба шумо шоколад медиҳам. Ба ҷойи ман худатон боғча равед!

Маликаи БАХТИЁР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ