Барои эҷодкори ҳақиқӣ шудан ба инсон чиҳо лозим?

Барои эҷодкори ҳақиқӣ шудан ба инсон чиҳо лозим?

  • Post category:Фарҳанг

Ӯткир ҲОШИМОВ

То дар дили нависандаи воқеӣ Худо наандозад, ба даст қалам намегирад.
*
Барои қаламкаш дили деҳотӣ ва ақли шаҳрӣ лозим аст.
*
Асари бадеӣ мисли дарахте аст, ки дар шохаҳои он меваҳои умумибашарӣ пухта мерасанд, аммо решааш дар замини миллӣ мехобад.
*
Нависандаеро, ки худи халқи ӯ намешиносаду дӯст намедорад, ба дӯстдории китобхонҳои дунё бовар надорам.
*
Барои он ки қоғаз сафед аст, дар он Калима менависанд. Пайтоба барои он ки чиркин аст, ки дар он Калима навишта намешавад. Коғаз чун пок аст, як зарра ахгар афтад, месӯзад. Пайтоба дуд мегирад, аммо дар намегирад, зеро чиркин аст. Барои нависанда шудан танҳо истеъдод камӣ мекунад.
Аз одаме, ки дили чун коғаз сафед ва зуддаргир дорад, адиби ҳақиқӣ мебарояд.
*
Нависанда бахте дорад, ки ба каси дигар насиб накардааст. Ин бахт дар як коғази сафед дарди худро навишта тавонистан мебошад.
*
Қавми эҷодкор ба кӯдаке монанд аст, ки ҳар қадар шириниро бинад, ҳаваси хӯрдан мекунад: таърифро дӯст медорад.
*
Асари бо изтироб навишташуда бо роҳат хонда мешавад.
*
Паҳлӯҳои дигарон надидаи ҳаётро дида тавонистан–истеъдод. Он чизро дар ҳолати аслии худ тасвир кардан нишонаи беистеъдодӣ аст. Истеъдоди ҳақиқӣ чизи дигарон надидаро меёбад ва ҳамон «чиз» тибқи имкон ба кадом роҳ бурдани инсон, халқ, ҷамъиятро ба навори тасвир мегирад. Агар ба усули илмӣ гӯем, ҳақиқати ҳаётро ба ҳақиқати бадеӣ табдил медиҳад.
*
Асар ба бино шабоҳат дорад. Фарқ дар ин ки бино аз ғишт ва асар аз калима офарида мешавад. Акнун як чизро тасаввур кунед: агар аз бинои мукаммал як ғиштро гирифта монед, ба ҳусни он шикаст меояд. Даҳ ғиштро кӯчонед, бино мепахсад…
Ҳамин гуна асарҳо мавҷуданд, ки ҷумлаҳои бутунашро гирифта партоед ҳам, сад то калимаро хат занед ҳам, ҳазортои онро иваз кунед ҳам, ҳеҷ чиз тағйир намеёбад…
Ин гуна «асар» бино не, вайрона аст!
*
Нависандаи беистеъдод ба мурғ шабоҳат дорад. Чун чормағз тухм карда, бо вақ–вақи худ оламро вайрон месозад.
*
Асаре, ки аз имтиҳони ду ҳаками холис ва бешафқат–Китобхон ва Вақт гузаштааст, асари ҳақиқӣ маҳсуб меёбад.


  • Ҳақиқат мисли ҳавост. Рангашро намебинед. Овозашро намешунавед. Бӯяшро намефаҳмед… Аммо одам як лаҳза беҳаво монад, нороҳат мешавад. Китоб ҳам ҳамин хел аст. Китобхони ба дурӯғ дучоршуда нороҳат мешавад.
    *
    Сухани ба хонанда гуфтании нависанда ҳар қадар ки пурқувват бошад, забони асар ҳамон қадар фасеҳ мешавад.
    *
    Болқаву қалам асбобҳои ба ҳам монанд нест. Лекин аз лиҳози хизмат хеле ба ҳам қарин меистад.
    Болға дар дасти қотил яроқи марг аст. Дар дасти ҳезумкаш яроқи меҳнат. Дар дасти ҳунарманд яроқи санъат мебошад.
    Қалам дар дасти ҳосид яроқи марг аст. Дар дасти саводхон яроқи меҳнат. Дар дасти боистеъдод яроқи санъат мебошад.
    *
    Ҳар гуна ғояи муҳим ҳам ба қисмати инсон табдил наёбад, сухани хушк шуда мемонад.

  • Истеъдоди бузург аввал эътибори халқ, баъд муҳаббати халқ, ниҳоят эътиқоди халқро сазовор мегардад. Дар асл ҳар яке аз ин се зина ба як умр баробар аст.
    *
    Аҳли эҷод ба кӯдак шабоҳат дорад.
    Чун захмдор кардани дили кӯдак кори осон нест.
    Чун ҷароҳатнок кардани дили кӯдак гуноҳи вазнин нест.
    *
    Одатан, асарҳоеро, ки бо гиря мехонанд, бо гиря навишта мешаванд. Аммо ҳамаи асарҳое, ки бо табассум мутолиа мегарданд, бо табассум навишта намешаванд. Бо гиря ҳам менависанд…
    *
    Барои эҷодкори ҳақиқӣ шудан дар инсон бояд истеъдод, дониш, меҳнат, таҷрибаи ҳаётӣ, ҷустуҷӯ ва албатта, Виҷдон бошад.
    *
    Нависандаи хуб инсонро кашф мекунад. Мунаққиди хуб адибро.
    *
    Соҳиби ҳақиқии асар нависанда нест. Соҳиби ҳақиқии асар хонанда мебошад. Асари бехонанда ба ҳавлии бесоҳиб шабоҳат дорад.
    *
    Мисли умри падарашро давом додани фарзанди хуб, асари хуб низ умри нависандаро идома мебахшад.
    *
    Асари бидуни рӯҳияи миллӣ ба гули коғазӣ монанд аст. Ҳусн дораду бӯй не.
    *
    Агар дар дунё як китобхон ба ту аз таҳти дил ихлос намуда, асаратро ба оғӯш гирифта мутолиа кунад, фақат барои ҳамин як нафар хонанда эҷод кунӣ, меарзад.
    *
    Меҳри хонандаро бо зориву «зӯроварӣ» ва сармоя ба даст овардан намешавад.
    Худо аз меҳри китобхон бегона накунад!

Аз ӯзбекӣ тарҷумаи Хусрав Саъдуллоҳ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ