ШАРТНОМАИ ӮЗБЕКИСТОНУ ИСПАНИЯ ДАР ТАРТИБИ ОНЛАЙН БА ИМЗО РАСИД

ШАРТНОМАИ ӮЗБЕКИСТОНУ ИСПАНИЯ ДАР ТАРТИБИ ОНЛАЙН БА ИМЗО РАСИД

  • Post category:Ҷаҳон

ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари», ширкати испании «S.A.E.IBERTEST» ва Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони таҷҳизоти «SERCOBE»-и Испания оид ба татбиқи лоиҳаи «Хариди таҷҳизот барои хоҷагиҳои локомотӣ  ва пойгоҳҳои таъмири вагонҳо» шартнома ба имзо расониданд.
Чорабинӣ дар шакли онлайн бо иштироки намояндагони Сафорати Ӯзбекистон дар Мадрид баргузор гардид.
Лоиҳа аз ҷониби Фонди интернатсионализатсияи корпоративии ширкатҳои испанӣ (FIEM) ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнокро  ба маблағи 19,1 миллион евро ба мӯҳлати 35 сол бо давраи имтиёзноки 17-сола ва ставкаи фоизии 0,01 фоизи солона дар бар мегирад.
Таҳияи ин лоиҳа аз ҷониби ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» якҷоя бо Сафорати Ӯзбекистон дар Испания моҳи ноябри соли 2019 бо мақсади муҷаҳҳаз кардани пойгоҳи таъмири хоҷагиҳои локомотивӣ ва пойгоҳҳои таъмири вагонҳо бо технологияҳои пешрафта оғоз ёфтааст.
Дар натиҷаи гуфтушунидҳои аз ҷумла дар давраи пандемия гузаронидашуда, имкони тавассути видеоконфронс пайдо намудани муносибати ғайриоддӣ ба ҳаллу фасли татбиқи лоиҳаи мазкур ва ба имзо расондани шартнома фароҳам оварда шуд. 
Бояд қайд кард, ки ширкати «S.A.E.IBERTEST», ки беш аз панҷоҳ сол таҷрибаи корӣ дорад ва бо назардошти навовариҳои пешрафтаи илмӣ ва коркардҳои конструкторӣ доираи васеи таҷҳизоти муосири технологиро муаррифӣ мекунад ва дар Испания ширкати ягонаи инжинирингӣ мебошад, ки лаборатория ва марказҳои озмоишии ихтисосаш маҳдуди роҳи оҳанро таҳия мекунад.
Дар айни замон, дар доираи Барномаи инвеститсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2020-2022 Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Испания якҷоя бо ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» ва Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони таҷҳизоти «SERCOBE»-и Испания омодаанд, оид ба таҳвили таҷҳизот ва дастгоҳҳо барои хоҷагиҳои локомотивӣ  ва вагонӣ аз ҷониби ширкати «GEMINIS»-и Испания шартнома ба имзо расонанд.
 Лоиҳа ҷалби маблағҳои қарзи имтиёзнокро ба миқдори 15,8 миллион евро ба мӯҳлати 35 сол, аз ҷумла давраи имтиёзноки 17-сола, бо ставкаи фоизи 0,01 фоизи солона барои маблағгузории шартномаи хариди таҷҳизот ва дастгоҳҳо барои хоҷагиҳои локомотивӣ ва вагонии ҷумҳурӣ пешбинӣ менамояд.

АИ «Дунё»,
МАДРИД.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ