ОЗОД ШАРОФИДДИНОВ ДАР БОРАИ ЗАБОН

ОЗОД ШАРОФИДДИНОВ ДАР БОРАИ ЗАБОН

Аҳли илму адаб Қаҳрамони Ӯзбекистон, адабиётшинос, шахси маърифатпарвар Озод Шарофиддиновро хуб мешиносанд. Соли 1989 маҷмӯи маводи адабиву танқидии ӯ бо номи «Садоқат ба ҳақиқат» чоп шуд. Китоб аз чаҳор қисм иборат.
Қисми аввал «Озмуни якумра» унвон дошта, дар он суҳбати адабиётшинос, тарҷумон Ортиқбой Абдуллоев бо О. Шарофиддинов дарҷ ёфтааст.
Адабиётшиноси маъруф ба пурсишҳои О. Абдуллоев доир ба адабиёт ва муҳити адабии солҳои мустабид, муҳаббати беандозаи ӯ овони бачагӣ ва наврасӣ ба адабиёт ва асарҳои бадеӣ, аз тарафи аҳли илму адаб эътироф гардидани фаъолияти тарҷумонии ӯ, бобати тарҷумаи асарҳои илмиву адабии адабиётшиносони рус Белинский ва Добролюбов нуқтаи назари худро баён намуда, вазифаҳои ояндаи соҳаи муҳими адабиёт – танқиди адабиро ҳаллу фасл менамояд. Дар ин бобат гуфтаҳои олим оиди муносибат ба забон, мушкилоти забоншиносӣ ва беэътиноӣ ба забони модарӣ то ҳол аҳамиятноканд.
Мушкилот доир ба муносибат ба маданияти забон хеле зиёданд, мегӯяд О. Шарофиддинов, солҳои иттиҳоди шӯравӣ ҳодисаҳои манфии вобаста ба забони модарии миллатҳои гуногун ба вуқӯъ омаданд. Чандин забон аз беэътиборӣ хароб шуданд. Чандин даҳсола пеш аз ин ҳикоянависи номӣ Абдулло Қаҳҳор аз чунин беэътиноӣ ранҷида, навишта буд: «Агар касе дар кӯча қоидаи роҳро вайрон кунад, милитсия ҳуштак кашида, ба тартиб даъват мекунад, аммо қоидаҳои забони миллате вайрон шавад, ба он нописандона муносибат кунад, парвои касе нест».
Дарҳақиқат, беэътиборӣ ба забон ва баъзан фаъолияти бардурӯғи мо ба рушди маданиамон таъсири манфӣ мерасонад.
Сол аз сол омӯхтани забонҳои хориҷӣ аҳамияти бештар касб менамояд. Ба воситаи он робитаҳои маданиву маънавӣ, сиёсиву иқтисодӣ ба вуқӯъ меоянд. Аммо суоле пайдо мешавад: хатмкунандагони мактабҳои таълими умумӣ чаро забони хориҷиро ба дараҷаи бояду шояд намедонанд?
Донистани забони хориҷӣ гарави муваффақияти фаъолияти инсон ба ҳисоб меравад. Дар ин соҳа низ мисли дигар соҳаҳои ҷамъият сухан ва корҳои амалишаванда бо ҳам рост намеоянд. Чунин ҳолатҳое низ вомехӯранд, ки гоҳо донишҷӯёни курси болоии муассисаҳои таълими олӣ маводеро дар забони русӣ ва ё дигари хориҷӣ мутолиа карда наметавонанд, гарчанд дар мактабҳои миёна ин забонҳо 7, 8, дар баъзе мактабҳо дар давоми даҳ сол омӯзонида мешавад.
Яке аз сабабҳои чунин камбудӣ то ҳол дар асоси методҳои бесамар омӯзонидани забон мебошад. Имрӯз чунин технология ва методҳое мавҷуданд, ки хонанда метавонад мустақилан забони хориҷиро дар муддати муайян омӯзад. Аз ин бармеояд, ки дар соҳаи забономӯзӣ ислоҳоте зарур аст. Бояд усулҳое ба кор бурда шаванд, ки хонанда дар синфи 6 ё 7 ба ин забон фикру ақидаашро баён карда тавонад ва дар синфҳои болоӣ аз он пурсамар истифода намуда, бо воситаи он донишашро аз дигар фанҳо мустаҳкам намояд.
Ба сифати корҳои омӯзонидани забони модарӣ низ баҳои хуб дода намешавад, албатта, пурра аз худ намудани грамматикаи забон ба ҳама лозим нест, аммо ҳама дар ҷумласозӣ ба таносуби хабар ва мубтадо бояд эътибор диҳад.
Баҳое, ки ба иншои довталабон гузошта мешавад, собит менамояд, ки дараҷаи дониши онҳо аз забони модарӣ то чӣ андоза аст.
Масъулоне вомехӯранд, ки омӯхтани забони модариро он қадар муҳим намешуморанд ва аз ин бармеояд, ки сабаби чунин бедонишӣ ҳамчун ба сифати масъалаи молики давлатӣ аҳамият надодан ба соҳаи таълим мебошад.
Дар садсолаи охир аз урфу одат ва анъанаҳо, либосҳои миллӣ ва арзишҳое, ки аҷдод чун гавҳари чашм қадр мекарданд, рӯй гардондем. Аз дасти одамизод обу ҳаво ва замине, ки манбаи ризқу рӯзӣ аст, заҳролуд гашт. Дар натиҷаи шаҳрсозӣ боғу роғ, гулзору растаниҳо поймол шуданд ва аз байн рафтанд.
Акнун бояд заминеро, ки аз ҳазорсолаҳо боқӣ мондааст ва таҷассумгари маданияти қадимаи халқамон ба шумор меравад, эҳтиёт намоем, то ки аз мо ба насли оянда як забони ғарибу бенаво намонад.

Таҳияи
Ориф ҶУМЪАЕВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ