Акнун ба бепарвоӣ ҳақ надорем Дар мамлакатамон маҳдудияти карантин пурқувват гардид.

Акнун ба бепарвоӣ ҳақ надорем Дар мамлакатамон маҳдудияти карантин пурқувват гардид.

Рости гап, ҳатто одамони танҳогард ҳам аз карантин дилзада шуданд. Аммо, худи мо ба мураккабшавии вазъият сабабчӣ шудем. Дар даҳрӯзаи дуюми моҳи марти соли ҷорӣ дар мамлакатамон бемории хавфноки коронавируси нав пайдо шуд. Ҳукуматамон тамоми чораҳои ҳифзи аҳолиро дид. Беморонро табобат карданд. Барои ин, аз буҷаи давлатӣ маблағи калон сарф гардид. Ба эҳтиёҷмандон ройгон хӯрокворӣ тақсим гардид. Дар ҷойҳо дар муддати кӯтоҳ бемористонҳои бемориҳои сирояткунанда сохта шуд. На ҳамаи аҳолии мамлакатамон чун ветнамиҳо ба қоидаҳои карантин риоя намуданд. Ба доштани масофаи иҷтимоӣ эътибор надоданд. Ба бастани ниқоби тиббӣ дангосагӣ карданд. Дар натиҷа, вазъият мураккаб гардид. Дар Ветнам 97 миллион нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Ба туфайли қатъӣ риоя намудан ба қоидаҳои карантин дар он ҷо 300 нафар ба бемории коронавирус мубтало гардид. Ба фавти одамон роҳ надоданд. Ҳамин тавр, ки бошад биёед ҳоло ҳам дер нашуда, ба қоидаҳои карантин ба таври қатъӣ риоя намоем. Бе зарурат кӯчагардӣ накунем. Худро не, солимии фарзанд ва набераҳоро фикр кунем. Ҷамшед Обидов.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ