Русия озмоиши нахустин ваксини коронавирус дар ҷаҳонро ба анҷом расонд

Русия озмоиши нахустин ваксини коронавирус дар ҷаҳонро ба анҷом расонид, хабар медиҳад РИА Новости дар истинод ба мудири Донишгоҳи тиббии Сеченов Вадим Тарасов. 
«Донишгоҳи Сеченов озмоиши аввалин ваксинро дар ҷаҳон дар бадани чанд ихтиёрӣ бомуваффақият ба анҷом расонид», — гуфтааст коршинос.
Ихтиёриёне, ки дар озмоиш иштирок доштанд, пешакӣ ба карантин фаро гирифта шуда буданд, то сироят аз коронавирус истисно шавад.
Ба гуфтаи Тарасов, карантини дарозмуддат ба ҳолати равонии ихтиёриён бетаъсир намонд, аз ҷумла ҳангоми кор нофаҳмиҳо ва ҷанҷол сар мезад. Дар ҳамин робита, ба кори мутахассисон равоншиносон низ ҳамроҳ шуданд.
Вай афзуд, ки онҳо ба наздикӣ ба ҳаёти муқаррарии худ метавонанд баргарданд, бо варзиш машғул шаванд, таҳсил ё кор кунанд. Аммо дар таҳти назорати табибон мемонанд.
Ёдрас мешавем, Русия аз аввалин кишварҳое буд, ки ба сохтани ваксини муассир муваффақ шуд. Озмоиши клиники он 18 июн оғоз шуд. 
Ихтиёриёне, ки дар озмоиш иштирок доштанд, то 20 июл аз ҷавоб мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ