Шумори қурбониёни COVID-19 дар Ӯзбекистон ба 60 нафар расид


Шаби гузашта дар шаҳри Тошканд боз як бемор вафот кард. Дар ин бора вазорати ҳифзи тандурустӣ хабар дод.
Зани 65-сола, ки сокини ноҳияи Олмазор буд, дар бемористони бемориҳои сироятии ноҳияи Зангиота бистарӣ шуда буд.
Ин 60-умин марг бар асари коронавирус дар Ӯзбекистон аст.
То ҳол дар Тошканд 35 нафар, дар Бухоро, Сурхондарё ва Намангон 4 нафарӣ, Самарқанд, Ҷиззах ва Навоӣ 3 нафарӣ, Қашқадарё, Фарғона, Хоразм ва Қорақалпоқистон 1 нафарӣ қурбони ин вирус шудаанд. Танҳо дар вилоятҳои Андиҷон ва Сирдарё марг аз коронавирус сабт нашудааст.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ