Тавофуқномаи қарзи 500 миллион долларӣ миёни Ӯзбекистон ва Бонки ҷаҳон имзо шуд


Рӯзи 11 июл ҳукумати Ӯзбекистон ва Бонки ҷаҳонӣ тавофуқномаи қарзи 500 миллион доллариро имзо карданд. Мақсад аз ин қарз навсозии (модернизатсия) бахши кишоварзии Ӯзбекистон мебошад.
Тавофуқномаро Сардор Умурзоқов, вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Ӯзбекистон ва Лилия Бурунчук, мудири минтақаи Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ имзо карданд.
Марко Мантованелли, раиси намояндагии БҶ дар Ӯзбекистон, Ҷамшид Хӯҷаев, вазири кишоварзӣ ва ғайра дар маросими имзо кардани тавофуқнома иштирок карданд.
Гуфта мешавад, ки барои амалӣ кардани лоиҳа Бонки байналмилалии бозсозӣ ва рушд 276 миллион доллар, Бунёди байналмилалии рушд 224 миллион доллар ихтисос медиҳанд.
Дар ҳоли ҳозир БҶ дар Ӯзбекистон 23 лоиҳаеро, ки арзиши кулли онҳо 4,4 миллиард доллар аст, амалӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки саҳми маҳсулоти кишоварзӣ дар содироти Ӯзбекистон 10 дарсад ва дар тавлидоти нохолиси дохилӣ (ВВП) 28 дарсад аст.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ