Рӯзи 13-уми июл дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Дар Қазоқистон- Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ.

Дар Черногория – Рӯзи давлатдорӣ.

Соли 1885 дар Амстердам Осорхонаи миллии Голландия ифтитоҳ ёфт.

Соли 1923 Парлумони Англия фурӯши машруботи спиртиро ба шахсони аз 18 -сола поён манъ кард.

Соли 1930 дар пойтахти Уругвай – шаҳри Монтевидео аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол оғоз гардида, 30 июл ба анҷом расид.

Соли 1935 аввалин Созишномаи тиҷоратӣ миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА ба имзо расид.

Соли 2001 пиразани 101-солаи австралиягӣ бо номи Эйми барои давидан ба масофаи 1500 метр рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт. Ӯ ин масофаро дар 19 дақиқаю 59 сония паси сар намуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ