Ниҳоят Созмони милал қатъномаи ёрии инсондӯстона ба Сурияро қабул кард


Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид рӯзи 11 июл қатъномаи ёрии инсондӯстона ба Сурияро қабул кард. 12 кишвари узви шӯро қатъномаро пуштибонӣ карданд, Русия, Чин ва Доминикана бетараф буданд.
Бар асоси ин қатънома ёриҳои инсондӯстона танҳо аз тариқи Туркия, аз гузаргоҳи Боб-ал-Ҳаво ҳамлу нақл мешавад.
Ин қатъномаро Белгия ва Олмон пешниҳод карданд. Дар аввал ин кишварҳо аз 2 гузаргоҳ ҳамлу нақл шудани ёриҳои инсондӯстонаро талаб карданд, вале дар охир ба истифодаи як гузаргоҳ розӣ шуданд.
Қабл аз ин Шӯрои амнияти СММ 4 бор барои қабули қатънома кӯшиш кард, вале дар ҳамаи ҳолатҳои қаблӣ кӯшишҳо ба бод рафт.
Манбаъ: Kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ